Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХонандагон ҳафтаи оянда ба мактаб мераванд

Хонандагон ҳафтаи оянда ба мактаб мераванд

Хонандагони мактбаҳои миёнаи Тоҷикистон, ки қарор буд фардо бо анҷоми таътили зимистона ба мактаб бираванд, то 16 январ истироҳат хоҳанд кард. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судари як фармон таътилро то ҳафати оянда тамдид кард.

Далели тамдиди таътилҳо сардӣ ва ҳифзи саломатии наврасон гуфта шудааст. Боғчаҳои кӯдакона рӯзи душанбе истироҳат хоҳанд кард.

Вазорат гуфтааст, хонандагон ба ҷои истироҳат дар зимистон дар таътили баҳорӣ ва тобистонӣ ба дарс ҷалб хоҳанд шуд.

Пеш аз ин, корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостанд, то дар ҳавои сард хонандагонро ба таҳсил ҷалб накунанд ва таътили зимистонаро тамдид намоянд.

Бархе ҳам навиштанд, ки ба ҷои эълони таътил беҳтар аст, мактабҳоро гарм кунанд.

Аз ин пештар Оҷонсии обуҳавошиносӣ гуфта буд, ки аз 10 то 14-уми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаво сардтар мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, эҳтимол ҳаво дар кишвар то 18 дараҷа сард шавад, ки барои Тоҷикистон камсобиқа аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular