Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСарбозгирӣ барои ҷанг дар Русия идома дорад

Сарбозгирӣ барои ҷанг дар Русия идома дорад

Дар Русия ҳарчанд мавсими даъват ба сафи артиш тамом шудааст, аммо сарбозгирӣ ба ҷанг идома дорад. Ба гузориши бахши русии Би-би-сӣ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ягон фармон дар бораи анҷоми сафарбарӣ имзо накардааст — Кремл тавзеҳ дода, ки зарурате барои ин вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангуи Кремл, “28 октябри соли 2022 мобилизатсияи нисбӣ  анҷом ёфт, аммо  комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок кардан доранд,  ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтмоъӣ мардум аз ба таври иҷборӣ раҳсипор кардани мардон ба ҷанг изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аммо, мақомот исрор меварзанд, ки «мавҷи дуввуми басиҷкунӣ» барномарезӣ нашудааст. 

Ҳафтаи гузашта рӯзномаи бритониёии The Times бо такя ба манобеъи истихбороти ғарбӣ ҳушдор дода буд, ки дар ҳафтаҳои оянда метавонад то 500 000 нафари дигар дар Русия ба ҷанг сафарбар шаванд. Идораи истихбороти Украина ҳамчунин иддао кардааст, ки сафарбарӣ дар Русия пас аз соли нав идома хоҳад кард.

Яке аз сабабҳои бовар надоштани мардум ба анҷоми басиҷ ин набуди фармони дахлдор аз ҷониби раисиҷумҳур  аст. Рӯзи 31 октябр, якуним моҳ пас аз имзои Фармони сафарбаркунӣ, Путин эълон кард, ки мобилизатсияи нисбӣ тамом шудааст ва дигар ниёз ба басиҷкунӣ намондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular