The Wall Street Journal дар мурури тавофуқи Теҳрон ва Риёз, Чинро бозигари нақши муҳим ва тоза дар Ховари Миёна донист ва аз тадоруки Пекин барои мизбонии нишасти Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Эрон хабар дод. Замони ин иҷлос авохири соли ҷорӣ қайд шудааст.
Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal ба нақл аз “манобеъи огоҳ” аз барномарезии конфронсе бо ҳузури шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Эрон дар Пекин хабар додааст. Дар ин гузориш омада, ки нишасти марбута, авохири соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин дар моҳи декабр дар Арабистони Саудӣ буд ва нишасте бо ширкати раҳбарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дошт. Баёнияи муштараки нишаст, ки моликияти Эрон бар се ҷазираи мавриди муноқиша, нуфузи минтақаии Теҳрон ва барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро зери савол мебарад, бо вокуниши хашмолуди Эрон ҳамроҳ шуд.
The Wall Street Journal менависад, Си дар моҳи гузашта ва пас аз сафари раисҷумҳури Эрон ба Пекин, кӯшид суъитафоҳумҳои марбут ба баёнияи муштараки Чин ва раҳбарони арабро бартараф кунад ва ба Раисӣ пешниҳоди баргузории нишасти муштарак бо сарони арабро дод, ки бо истиқболи ӯ рӯ ба рӯ шуд: “агар Чин муваффақ шавад кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Эронро даври як миз биоварад, пирӯзии дипломатики дигаре баъд аз миёнҷигарӣ барои аз саргирии муносиботи Теҳрон ва Риёз касб хоҳад кард.”
The Wall Street Journal ёдоварӣ мекунад, ки мақомҳои саудӣ умедворанд Пекин аз равобити иқтисодии худ бо Эрон барои таъсиргузорӣ рӯйи рафтори минтақаии Теҳрон истифода кунад ва Эрон ҳам дар айни ҳол интизор дорад Чин нақши боризтаре дар музокироти бабунбастрасидаи ҳастаӣ ифо кунад.
Бо миёнҷигарии Чин, Эрон ва Арабистон тавофуқ кардаанд, ки муносиботи дипломатики худро пас аз ҳафт соли таваққуф аз сар гиранд ва ҳадди аксар зарфи ду моҳ намояндагиҳои сиёсиро бозкушоӣ кунанд. Баёнияи сеҷонибае, ки ба имзои Теҳрон, Риёз ва Пекин расид, тарафайнро мутааҳҳид месозад, ки ду тавофуқномаи ҳамкории марбут ба ду даҳаи қаблро ба ҷараён биандозанд.
Эъломи ин тавофуқ хабаре бисёр ғофилгирона буд. Ба хусус ин, ки намояндагии музокирот ва ихтиёри томи Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломиро Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бар ӯҳда дошт, на вазири хориҷа.
Дар гузориши The Wall Street Journal омада, ки тарафайн тавофуқ кардаанд, ки аз дахолат дар умури дохилии якдигар худдорӣ кунанд. Арабистон аз ҷумла қабул карда, ки гузоришҳои манфии “Эрон Интернешнл” коҳиш ёбад ва Теҳрон ҳам мутақобилан пазируфта, ки аз ташвиқу таҳрики ҳусиҳои Яман дар ҳамла ба Арабистон даст бардорад.
Теҳрон шабакаи телевизионии “Эрон Интернешнл”-ро, ки ба гуфтаи The Wall Street Journal, аз сӯи сармоягузорони хусусии Арабистон ҳимоят мешавад, як “Созмони террористӣ” медонад.
“Эрон Интернешнл” борҳо ин иттиҳом, ки аз сӯи давлати Риёз таъмини молӣ ё ҳимоят мешавадро рад кардааст. Ин шабака моҳи гузашта, ба далели таҳдиди коркунонаш, дафотири худро аз Лондон ба Вашингтон мунтақил кард.
The Wall Street Journal дар айни ҳоле, ки наздикии Теҳрон ва Риёзро як таҳаввули мусбат медонад, ки метавонад ба танишзудоӣ дар саросари минтақа кумак кунад ҳушдор дода, ки бояд мунтазири иқдомоти амалӣ буд, зеро сатҳи қобили таваҷҷуҳе аз беэътимодии байни ду қудрати минтақаии рақиб вуҷуд дорад: “бозкушоии сафоратхонаҳо дар фурсати думоҳаро набояд ба маънои коҳиши фаврии ихтилофоти амиқи тарафайн талаққӣ кард.”
Вазири хориҷаи Арабистон низ дар мусоҳибае бо «Аш-Шарқ-ул асват» таъкид карда, ки тавофуқи марбута ба маънои дастёбӣ ба роҳҳале барои ҳамаи ихтилофоти барҷастаи онҳо нест.
Дар ҳоли ҳозир аксари бозигарони минтақа аз танишзудоӣ ва тавофуқи ёдшуда истиқбол кардаанд. Иёлоти муттаҳида низ, ки ба таври комил дар раванди тавофуқ ғоиб буд, ба шакли эҳтиёткорона аз ин дастовард истиқбол кардааст.
Вазорати хориҷаи Эрон, Арабистони саудӣ ва Чин дар бораи ҷузъиёти тавофуқномаи имзошуда дар Пекин ё гузориши WSJ изҳори назаре накардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

