Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeХабарҳо17 духтари қирғизтабор ба коми оташ рафтанд

17 духтари қирғизтабор ба коми оташ рафтанд

 Дар натиҷаи оташ гирифтани амбори нашриёте дар шимолу шарқи Маскав, пойтахти Руссия 17 нафар корманди он ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ин амбор дар кӯчаи Алтуфев, ҳавлии рақами 5 ҷойгир буда, аксари кормандонаш зодагони Ҷумҳурии Қирғизистон будаанд. Иля Денисов, раҳбари идораи ҳолатҳои истирории Маскав гуфтаст, ки сабаби сӯхтор муайян шудааст ва он аз чароғи корношоями амбор сар задааст, ки дар ин ҷой рангу равғанҳои гуногун ва дигар ашёи барои нашр зарурӣ нигаҳдорӣ мешудаанд. Вай таъкид кардааст, ҳангоми сӯхторнишонӣ як хонае ошкор гардидааст, ки роҳашро оташи тез пӯшонда буд. Ходимони сухторнишон пас аз роҳкушоӣ ба он хона шоҳиди як манзараи мудҳиш гаштанд. 16 нафар духтари аз 16 то 24 сола, ки ҳама зодагони Қирғизистон будаанд, аз дуди ғализ нафаспеч ва заҳролуд гашта, ҷон бохтаанд. Як шаҳрванди дигари ин кишвар дар роҳ ба беморхона аз олам гузаштааст. Бо ҳамин шумори қурбониёни ин сӯхтор дар амбори нашриёт ба 17 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки мақомоти интизомӣ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишро оғоз кардаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?