Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«СПАД ҳеҷ барномае барои ҳали мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон надорад»

«СПАД ҳеҷ барномае барои ҳали мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон надорад»

Маоқомоти низомии кишварҳои узви Созмон паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳеҷ барномаи хосе барои ҳали мушкилоти марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон омода накардаанд.  

Ин шарҳи котиботи СПАД баъди маълуомоте, ки дар расонаҳо мабнӣ бар вуҷуди тарҳе барои коҳиши таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш шуд, .  

“Мушкили марзӣ воқеъан байни ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин мавзӯъ борҳо дар ҷаласаҳои ҳайати олӣ — Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаҳои дигар ниҳодҳои қонунии созмон маврид баҳс қарор гирифтааст” — гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар идома мақомоти СПАД таъкид кардаанд, ки “мақомоти низомии кишварҳои узви СПАД ҳеҷ барномаи хосе барои ҳали мушкилоти марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон омода накардаанд. Кор дар ин самт байни Душанбеву Бишкек аз тариқи каналҳои дуҷониба идома дорад. Дар айни ҳол, раҳбарони ҳар ду кишвар таъйид мекунанд, ки ҳеҷ ҷойгузине барои роҳҳал сиёсӣ ва дипломатик вуҷуд надорад”. 

“Дар сурати дархости Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз потенсили СПАД, ин дархост тибқи қоидаҳои ҷорӣ дар созмон баррасӣ хоҳад шуд” — омадааст дар поёни изҳорот.

Созмон паймони амнияти дастаҷамъӣ як созмони низомиест, ки бо раҳбарии Русия таъсис шудааст ва ба он Белорусу Арманистон ва се кишвари осиёмиёнаӣ — Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирӯизистон низ шомиланд. Қаблан Узбекситону Озарбойҷон низ узви ин созмон буданд, аммо онро тарк карданд.

Коршиносон мегӯянд ин созмон асосан ба нафъи Русия кор мекунад ва таъсири камтаре дораду ҳатто дар ихтилофоти байниҳамдигарии кишварҳои узваш коре аз дасташ сохта нест. Ҳамчунин то ҳол ин созмон камтар коре дар ҳифзи манофеъи кишварҳои узваш анҷом додааст. Ба унвони мисол, дар ҷанги чандрӯзаи Озарбойҷону   

Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли гузашта, ки дар натиҷаи он Озарбойҷон, кишвари ғайриузв, қисмате аз заминҳои ин минтақаро аз кишвари узви СПАД бозпас гирифт,  ин созмон ҳеҷ вокунише надошт. Дар ҳоле, ки Арманистон чанд бор барои кӯмак ба он муроҷиъат кард. 

Дар низоъи марзии Қирғизистону Тоҷикистон низ, ҷониби Қирғизистон хостори дахолати СПАД шуд, аммо боз ҳам ин созмон хомӯш буд. Тоҷикистон бо Қирғизистон баҳси марзӣ дорад ва ҳар гоҳе муноқишаҳои мусаллаҳона рух медиҳанд. Ҳоло ин ду кишвар кӯшиш доранд баҳсҳои марзиро бо гуфтушунид ҳал кунанд. 

Ахиран нишасти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини аломатгузории сарҳад, ки 10 март дар Душанбе оғоз шуда буд, ба охир расид.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ расонаҳои қирғизӣ ҳам маълумот намедиҳанд. Тӯли сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular