Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни дар таҷаммӯъи эътирозии фаъолони тоҷики муқими Аврупо дар назди Бундестаги Олмон гуфт Эмомалӣ Раҳмонро, ки қарор буд ба Олмон, Бритониё ва Ҳолланд сафар кунад, ҳеҷ ниҳоди давлатие даъват накардааст ва ин сафари ӯ на расмӣ аст ва на давлатӣ, аммо ҳатто аз сафарҳои шахсиву тиҷориаш низ бояд пешгирӣ шавад.
Раҳбари мухолифин аз таҷаммӯъи эътирозие, ки дар он зодагони ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат доштанд истиқбол кард ва онро “ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати воқеъӣ” номид. Ӯ гуфт ин ҳамоишро ҳеҷ ҳизбу гурӯҳе ташкил накарда, балки муҳоҷирини фаъол мубтакирони он будаанд.
Раҳбари ПМТ гуфт “аз хомӯшӣ, беҳавсалагӣ ва тарсу нокории” мардум диктотурҳо суъистифода менамоянд. “Онҳо бидуни кадом монеъа ба Аврупову Амрико сафар мекунанд ва касе шарм намекунад онҳоро пешвоз гирад. Мардуми рус, мардуми белорус ва дигар кишварҳо тавонистанд Аврупоро маҷбур намоянд, ки аз пешвози диктаторҳои онҳо хиҷолат кашанд ва худдорӣ кунанд” — гуфт ӯ.
Кабирӣ таъкид кард, дар ҳамин ҳол “аврупоиҳо, амрикоиҳо, миллатҳои озод намедонанд, ки дар Тоҷикистон як низоми худкомаи диктатории хонводагӣ сари ҳокимият аст. Хабар надоранд, ки ҳазорҳо зиндонии сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Хабар надоранд, ки ин диктатор як гӯшае аз Тоҷикистон — Бадахшони азизи моро ба хоку хун кашид. Бояд ҳар рӯз, ҳар соат аз ҳамаи минбарҳо дар ин бора гуфт. Бояд ҳамоишҳо, митингҳо ташкил кард.”
Ӯ ҳадафи таҷаммӯъҳои эътирозиро низ расондидани садоми мардуми мазлуми тоҷик ба гӯши аврупоиҳо номид.
Раҳбари мухолифин гуфт тазоҳурот аллакай таъсири худро расонидаанд. “Мо дӯ рӯзи ахир чандин посух ба номаву муроҷиъатҳои худ гирифтем, ки дар онҳо гуфта мешавад Раҳмон ба Аврупо даъвати расмӣ нашудааст. Ӯ барои ширкат дар конфронсҳо ва бизнес-форумҳое меояд, ки аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис шудаанд. Аммо мову шумо бояд маҷбур ва водор намоем, ки ҳатто як созмони тиҷоратӣ, ҳатто як ташкилот ҳам шарм кунад, ки дигар Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупову Амрико даъват намояд”.
Гуфтанист, дирӯз дар Берлин ду таҷаммӯъи эътирозии тоҷикон баргузор гардид, ки дар солҳои ахир бесобиқа буд. Дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ҳудуди 100 нафар ва дар майдони Бундестаг беш аз 150 нафар бо талаби манъи сафари Раҳмон ба кишварҳои озод таҷаммӯъ ва шиорпартоӣ карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

