Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСадама дар Кӯлоб ҷони ду нафарро гирифт

Садама дар Кӯлоб ҷони ду нафарро гирифт

Дар шаҳри Кӯлоб ронандаи мошини боркаши «Дулан» таҳти идораи марди 39-солаи сокини деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ш. Шоҳин ба самти Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрда, ки дар натиҷа ду нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 25-уми март рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

«Дар ин садама ду мусофире, ки дар дохили мошин буданд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», —омадааст дар иттилоъияи манбаъ.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади фавтидагонро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол ёфтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular