Садри аъзами Олмон эълом кард, ки артиши Укроин 18 фарванд тонки ҷангии «Леопард-2» барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Русия аз Олмон дарёфт кардааст.
Олаф Шолтс, садри аъзам Олмон шомгоҳи душанбе, 27 март дар конфронси матбуотии муштараки худ бо нахуствазири Нидерланд, Марк Рютте, таъйид кард, ки кишвари Олмон 18 фарванд тонки ҷанги «Леопард-2»-ро ба неруҳои мусаллаҳ Укроин таҳвил додааст.
Гуфта мешавад қасди давлати федероли Олмон аз ирсоли ин кумакҳои вижаи низомӣ, ҳимоят аз қудрати дифоъии артиши Укроин дар муқобила бо ҳамалоти артиши Русия аст.
Садри аъзами Олмон дар ин бора гуфт: “ҳамон тӯр, ки аз қабл эълом шуда буд, мо ин тонкҳоро ба Укроин таҳвил додем”.
Тонкҳои размии модерни «leopard 2a6» аз бартарии фаннӣ дар муқоиса бо тонкҳои русӣ бархурдоранд ва метавонанд ба ин хотир саҳми қобили таваҷҷуҳе дар касби муваффақияти эҳтимолӣ дар майдони ҷанг дошта бошанд.
Борис Писториус, вазири дифоъи Олмон низ хотирнишон кард: “ҳамон тӯр, ки қавл дода будем, тонкҳои мо дар замони муқарраршуда ба дасти дӯстони украиниамон расиданд. Ман мутмаин ҳастам, ки ин тонкҳо метавонанд нақш муҳимме дар ҷабҳа ҷанг ифо кунанд”.
Дар ин замина ҳамчунин ишора шудааст, ки тонкҳои «Леопард-2» дорои қобилияти шиллик дар вақти ҳаракат ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки тонкҳои русӣ зоҳиран фақат дар ҳолати истода қодир ба ҳадафгирии дақиқ ва шиллик кардан ҳастанд.
Ба гуфтаи вазорати дифоъи Олмон, 18 фурванд тонки ҷангии «Леопард-2» ба иловаи бастаҳои муҳиммот, қисмҳои эҳтиётӣ ва ду дастгоҳи худрави бозёбии зиреҳпӯши «Буфола» бо халабонҳо, аз Олмон ба Украина ирсол шудаанд. Бар асос ин хабар, халабонҳои ин худрав низ дар Олмон омӯзиш дидаанд.
Давлати Олмон пас аз кишмакашҳои сиёсии дохилии тӯлонӣ, дар поёни моҳи январи соли ҷории мелодӣ эълом кард, ки «сареъан ду гардон бо тонкҳои «Леопард-2″ ба Укроин ирсол хоҳад кард.»
Шоёни зикр аст, ки ҳар гардон дар Укроин маъмулан дорои 31 тонк аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

