Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаисҷумҳури Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд

Раисҷумҳури Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлат ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст ин сафар рӯзи 4 апрел анҷом шавад. Дар доираи ин сафар, тибқи иттилоъи  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ ҳадаф аз баргузории н форум “пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”.

Гуфта мешавад дар форум беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок хоҳанд кард.

Қарор аст дар доираи кори Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Тоҷикистону Озарбойҷон равобити иқтисодӣ тақрибан надоранд. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ,  дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.

Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

Аввали моҳи апрел сафари давлатии раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон низ дар назар аст.

Тибқи иттилоъи “Азия-Плюс” бо истинод ба хадамоти матбуотии раисҷумҳур,, ин сафар рӯзҳои 10-11 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Дар остонаи сафарираисҷумҳури Туркманистон, дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular