Таҳқиқи парвандаи марги маҷбурии Абдуқаҳҳор Розиқов, ки дар боздоштгоҳи ШВКД иттифоқ афтод ба поён расида ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба додситонии минтақа хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтааст, «парванда барои муҳокима ба додгоҳ рафтааст ва тафсилот ҳангоми мурофиа радду бадал хоҳад шуд».
Дар Додгоҳи Кӯлоб ҳам тасдиқ карданд, ки «парвандаро ҳафтае қабл гирифтанд». Замони баррасӣ дақиқ нест.
Абдуқаҳҳор Розиқов шаби дувуми январи имсол аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд дар шароити мармуз ҷон дод. Мақомот гуфтанд, ӯ ба фурӯши маводи мухаддир гумонзад буд.
Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Онҳо бовар доранд, Абдуқаҳҳор Розиқов зери шиканҷа ҷон додааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, «ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт».
Бо ин ҳол, ба иттилои расмӣ, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Як нафар боздошт шуда, дуи дигар дар озодист.
Абдуқаҳҳор Розиқов 37 сол дошт. Ду фарзанд дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

