Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетAxios: Амрико тарҳи тавофуқи муваққатӣ бо Эронро баррасӣ мекунад

Axios: Амрико тарҳи тавофуқи муваққатӣ бо Эронро баррасӣ мекунад

Веб-сайти хабарии Аксиос ба нақл аз дипломатҳои ғарбиву Исроил ва манобеъи коршиносии наздик ба музокирот барои эҳёи Барҷом гузориш додааст, ки давлати Байден дар ҳафтаҳои гузашта тарҳи пешниҳодие барои тавофуқи муваққатӣ бо Эронро дар ихтиёри Исроил ва чанд кишвари аврупоӣ гузоштааст. 

Ба гузориши “Аксиос” ин тарҳ шомили боздоштани баъзе таҳримҳо дар ивази мутаваққиф шудани бахшҳое аз барномаи ҳастаии Эрон аст. Аз сентябри соли гузашта ва пас аз оғози саркӯби хашини эътирозоти саросарӣ дар Эрон, давлати Амрико борҳо гуфтааст, ки музокироти эҳёи Барҷом, ки амалан муддатҳо дар бунбаст буд, дигар ҷузъи авлавиятҳояш нест. 

Музокироти эҳёи Барҷом, ки дақиқан ду сол қабл оғоз шуда буд, пас аз он мутаваққиф шуд, ки давлатҳои аврупоӣ гуфтанд Эрон тавофуқеро, ки дар остонаи ниҳоӣ шудан буд бо тарҳи дархостҳои фаротар аз Барҷом ба таваққуф кашондааст. 

Кашфи зарроти ураниум бо ғинои 84 дарсад дар Эрон, дуруст ду ҳафта пеш аз тозатарин нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми Ожанси байналмилалии энергии атомӣ, занги хатарро дар Ғарб чунон ба садо даровард, ки бозтоби он ба Теҳрон расид. Ҳукумати Эрон бо даъвати Рафаэл Гросси мудири кули Ожонси байналмилалии энергии атомӣ ба Теҳрон, ки қарор буд гузориши тозаашро ба Шӯрои ҳукком ироа кунад, гуфтугӯ бо ӯро оғоз кард. Агарчи аз мӯҳтавои гуфтугӯҳо хабаре дар даст нест аммо ҳосили кори ризояти Гросси ва адами маҳкумияти Эрон дар ожонс буд. 

Ҳоло веб-сайти хабарии Аксиос навиштааст мақомҳои Амрико ҳамтоёни худро дар Исроил, Фаронса, Бритониё ва Олмон хабардор кардаанд, ки дар ҳоли баррасии тавофуқе бо Теҳрон ҳастанд, ки дар баробари сабук шудани таҳримҳо, ғанисозии Эронро ба 60 дарсад маҳдуд кунад. 

Ин веб-сайт қаблан гузориш дода буд, ки мақомҳои Исроил ба давлати Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ гуфтаанд, ки агар Эрон ураниуми болои 60% тавлид кунад, вориди ҳавзаи хатарноке шуда, ки мумкин аст ба ҳамлаи Исроил ба Эрон мунҷар шавад. 

Бар асоси тозатарин гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ вобаста ба Созмони милали муттаҳид Эрон то кунун 87.5 килограмм ураниюми ғанишудаи 60 дарсадӣ тавлид кардааст. 

Ҳамзамон вазири умури хориҷаи Исроил гуфтааст кишвараш, бо ҳамкории Фаронса, талош мекунад, ки Ожонси байналмилалии энержии атомиро ба сахтгиронатар кардани мавзеъаш дар қиболи Эрон дар нишасти баъдии Шӯрои ҳукком мутақоид кунад. 

Эли Коэн, вазири умури хориҷаи Исроил, рӯзи душанбе баъд аз гуфтугӯ бо ҳамтои фаронсавии худ ба хабарнигорон гуфт: “танҳо иқдоме сареъ ва қотеъ, ки кишварҳои Ғарб дар мавриди он ҳамоҳанг шуда бошанд, метавонад ба таҳрими ҷиддӣ алайҳи ҳукумати оятуллоҳҳо дар Эрон ва тағйири сиёсати онҳо мунҷар шавад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular