Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар се дидор дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон ширкат ва суханронӣ хоҳад кард, ки дуто аз онҳо ба мавзуи вазъи Афғонистон бахшида шудааст.
Ба иттилои хабаргузории “Азия плюс”, 13 апрел дар Афғонистон нишасти вузарои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад. Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Русия, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат мекунанд.
Самарқанд мизбони шашумин дидори вузарои хориҷии кишвраҳои Осиёи Марказӣ ва Русия хоҳад буд.
Аввалин дидори вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар 21 октябри соли 2021 дар Маскав ва дуюми он дар Теҳрон 27 октябри соли 2021 баргузор шуда буд.
Бояд гуфт, кишварҳои Осиё Марказӣ ва Русия расман эълон накардаанд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият мешиносанд. Аммо дар баробари эълони ҳамвора аз он ки аз хоки ин кишвар таҳдидҳое барои ин Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ин кишварҳо майл ба ҳамкорӣ бо Толибон кардаанд.
Ба унвони мисол, раисҷумҳури Қирғизистон дар моҳи сентябри соли 2021 барои ҳарчи зуд ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба зарурати гуфтугӯ бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар таъкид карда буд. Дар моҳи декабри ҳамон сол бошад, ширкати “Брешно”-и Афғонистон иттилоъ дод, ки қарордоди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро барои соли 2022 тамдид кардааст.
Ҳамчунин Русия дар моҳи феврали соли гузашта эълон кард, ки аввалин дипломати Толибро сабти ном кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, дар моҳи феврали ҳамин сол миёни Тошканду Кобул созишномаи истифодаи муштарак аз роҳи оҳани Ҳайратон — Мазори Шариф ба имзо расид.
Мақомоти ин кишварҳо мегӯянд, кулли ин ҳамкориҳо ба хотири муътадил кардани вазъ дар Афғонистон ба роҳ монда шудаанд.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон соири кишварҳое дар минтақа, ки бо Толибон ҳамкорӣ доранд, таҳаввул дар ин ҳамкориҳоро расонаӣ мекунанд, аммо Душанбеи расмӣ дар робита ба ин масоил расман чизе нагуфтааст, балки ҳамвора ба вуҷуди таҳдид аз хоки Афғонистон ба кишвар мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

