Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз як сарбоз дар артиш кушта шуд

Боз як сарбоз дар артиш кушта шуд

Ҷасади як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ додаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ибодулло Додови 18-сола моҳи ноябри соли гузашта ба артиш рафта буд.

Лоиқ Додов, падари Ибодулло, дирӯз 12 апрел гуфтааст, сабаби марги писараш ба ӯ маълум нест.

Мақомот то ҳол ҳеҷ шарҳе дар ин бора надодаанд.

Додов гуфааст, рӯзи 9-уми апрели имсол бо писараш телефонӣ суҳбат дошт, вале даҳуми апрел ҷасадро гирифт.

«Дар суҳбати телефонӣ мегуфт, ки вазъи саломатияш хуб аст,» – нақл кард ӯ.

Ибодулло Додов фарзанди севуми хонадон буд ва дар як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар шаҳри Ваҳдат хидмат мекард.

Падараш мегӯяд, барои дақиқ кардани марги Ибодулло Додов ба мақомот ариза навишт.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Ибодулло, ки ҷасадро дидааст, гуфт, «аз пушти сараш зарб хӯрда буд». Лоиқ Додов ин мавридро рад накард, аммо гуфт, мунтазири хулосаи расмӣ мемонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular