Табақаи охири як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, 20-километрии Душанбе, пурра сӯхта, чанд сокини бино аз хонаҳову дороиҳояшон дар он маҳрум шуданд.
Ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рух додааст. Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, наворбардор мегӯяд сӯхтор гуё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст.
Дар бархе дигар аз наворҳо сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими ҳарф мезананд. Ҳанӯз шарҳи расмие аз мақомот дар ин бора садо надода ва маълум нест, дар ин ҳодиса касе осеб дидааст ё на.
Дар наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ дар бинои шашошёна аз як хона ба хонаи дигар мегузарад ва дар муддати кӯтоҳ табауаи шашуми бино комилан ба коми оташ меравад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

