Теъдоди қурбониёни даргириҳо дар Судон ба 97 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 942 тан афзоиш ёфт.
Кумитаи марказии пизишкони Судон тайи баёнияе эълом кард, ки шумори қурбониёни даргириҳо миёни артиши ин кишвар ва нерӯҳои пуштибонии сареъ ба 97 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 942 нафар расидааст.
Бар ин асос, даргириҳо дар манотиқи мухталифи Хартум ва дигар шаҳрҳои Судон ҳамчунон идома дорад.
Даргирӣ миёни артиши Судон ва нерӯҳои зудамал ба раҳбарии Муҳаммад Ҳамдонӣ Дақлу “Ҳамидтай” бо истифода аз силоҳҳои сабук ва сангин рӯзи шанбеи гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз шуд.
Дар ҳамин росто, парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Хартум дар пайи даргирии шадид миёни нерӯҳои зудамал ва артиши Судон мутаваққиф шудааст. Пулҳои шаҳр низ баста шуданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

