Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмиллалии Стокҳолм (SIPRI) дар гузориши солонаи худ аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳазинаҳои низомӣ дар ҷаҳон дар соли гузашта хабар дод. Ҷанги Укроин, таваррум ва рақобат миёни Чину Амрико омилҳои аслии ин ҷаҳиш унвон шудаанд.
Ҳамлаи низомии Русия ба Укроин боис шудааст ҳазинаҳои низомӣ дар Аврупо чунон ҷаҳиши чашмгире пайдо кунанд, ки аз замон ҷанги сард то кунун бесобиқа будааст.
Муассисаи таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм дар гузорише, ки имрӯз, душанбе, 24 апрел мунташир шуд, навишт ҳамзамон бо афзоиши қобили таваҷуҳи ин ҳазинаҳо дар қораи Аврупо, омори соли 2022 ҳикоят аз он дорад, ки ҳазинаҳои низомӣ дар ҷаҳон дар ин сол рекорди ҷадидеро ба сабт расондааст.
Бино бар ин гузориш дар соли гузашта 2,4 триллион доллар, яъне ҳудуди 2,2 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонӣ сарфи ҳазинаҳои низомӣ шудаанд.
Нон Таян, яке аз нависандагон ин гузориш, дар мавриди иллатҳои афзоиши хиракунандаи ин омор ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ба ҷуз ҷангт Укроин, ки сабаби «афзоиши буҷаи низомӣ» дар кишварҳои аврупоӣ шуд, «таиншҳои ҳалнашуда ва афзоянда дар шарқи Осиё» низ далели дигаре будааст, ки ҳазинаҳои низомӣ дар сатҳи ҷаҳонро дар соли 2022 ба нисбати соли пеш аз он бо афзоиш 3,7 дарсади мувоҷеҳ кард.
Бино ба гузориши ин муассиса, кишварҳои аврупоӣ соли гузашта пас аз оғози ҷанг дар Укроин 13 дарсад бештар аз соли пеш аз он барои таслиҳоти низомӣ ҳазина карданд, ки ин рақам болотарин сатҳи афзоиш дар 30 соли гузашта будааст. Дар муқоиса бо соли 2013 ҳазинаҳои низомии кишварҳои аврупоӣ 38 дарсад афзоиш доштааст.
Кишварҳои узви НАТО ҳадди ақал аз соли 2014, ки Русия ба таври ғайриқонунӣ нимҷзирам Крим дар Укроинро замимаи хоки худ кард, ҳазинаҳои дифоъии худро афзоиш доданд. Дар вокуниш ба ин иқдоми Русия ва ҳимояти Маскав аз ҷудоииталабони шарқи Укроин, аъзои НАТО тасмим гирифтанд ду дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии худро то соли 2024 сарфи ҳазинаҳои дифоъӣ кунанд. Аз он замон то кунун шумори зиёде аз аъзои НАТО тавонистаанд ба оромӣ ба самти ин ҳадаф ҳаракат кунанд.
Ҳарчанд оморҳои ироашуда дар гузориши муассисаи SIPRI дар нигоҳи аввал хиракуннда ба назар мерасанд, аммо нигоҳе дақиқтар ба ин адада ва рақамҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши ҳазинаҳо ағлаб камтар аз ончи гумон меравад, чашмгир будааст.
Барои намуна дар ҳоле, ки мизони ҳазинаҳои низомӣ дар ҷаҳон дар соли 2022 ба беш аз ду триллион доллар расидааст, баррасиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳазинаҳо ба нисбати омори сол 2013, як даҳум дарсад камтар аз саҳми тавлиди нохолиси дохилиро ба худ ихтисос додаанд.
Нукта дигар ин ки ҳарчанд шумори зиёде аз кишварҳои ҷаҳон дар даҳ соли гузашта буҷаҳои низомии худро афзоиш додаанд, мисли Чин (63 дарсад), Ҳинд (47 дарсад) ва Исроил (26 дарсад), аммо бо ин ҳол дар ҳамаи ин кишварҳо саҳми ҳазинаҳои таслиҳотӣ аз кулли тавлиди иқтисодӣ коҳиш ёфтааст.
Таварруми бесобиқа як омили калидб дар ин робита будааст. Афзоиш қиматҳои ношӣ аз таваррум мӯҷиб шуда то ҳамон гуна, ки қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон афзоиш пайдо карда, як ҷети ҷангӣ низ дар муқоиса бо солҳои гузашта гаронтар шавад. Ба гузориши муассиса SIPRI дар чунин шароите агар кишваре на танҳо дар пайи омордиҳӣ, балки ба думболи густариши артиш худ бошад, бояд беш аз пеш ҳазина сарф кунад.
Афзоиш ҳазинаҳои дифоъии ҷаҳон ҳамчунин кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро шомил мешавад, ки ба далели ҷанги Укроин ба болотарин сатҳ расидааст.
Рақобати Чин ва Амрико
Бар асоси мутолиоти муассисаи «Иқтисоди ҷаҳони Кил» мустақар дар Олмон, Иёлоти муттаҳида ба танҳоӣ 47 миллиард доллар кумаки низомӣ дар ихтиёр Укроин қарор додааст. Ин кишвар ҳамчунон бузургтарин қудрати низомӣ ҷаҳон аст. Тибқи омори расмӣ дар соли гузашта Амрико 877 миллиард доллар сарфи таслиҳоти низомӣ кардааст, ки 39 дарсад аз ҳазинаҳои ҷаҳониро дар бар мегирад.
Чин бо фарқи зиёд аз Амрико дар радаи дувуми ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин кишвар соли гузаштаи мелодӣ 292 миллиард доллар сарфи ҳазинаҳои дифоъии худ кардааст.
Ба вуҷуди фосилаи зиёди Чин аз Амрико, мақомоти амрикоӣ ва коршиносони амниятӣ ҳушдор медиҳанд, ки Пекин дар ҳоли густариши қобилиятҳои низомии худ аст.
Бо ин ҳол, ин ду қудрати ҷаҳонӣ ҳамчунон аз назари мавқеияти низомӣ ва ҷуғрофиӣ тафовутҳои зиёде бо якдигар доранд. Дар ҳоле, ки Чин қудрати низоми худро бар минтақаи Уқёнуси ором мутамаркиз карда, ба назар мерасад Иёлоти муттаҳида ҳамчунон мусаммам ба ифои нақши ҷаҳонӣ дар ҳифзи амният аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

