Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаҳси бесалоҳиятҳо дар парлумон дар бораи интернет

Баҳси бесалоҳиятҳо дар парлумон дар бораи интернет

Дар порлумон сатҳу сифати интернет дар Тоҷикистонро танқид кардаанд. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, баҳс дар бораи суръати интернет рӯзи 19 апрел ҳангоми баррасии лоиҳаи нави қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар порлумон сурат гирифтааст.

Гавҳар Шарофзода, вакили порлумон аз он нигаронӣ кардааст, ки суръати интернет дар маркази шаҳр бисёр паст аст ва ин барои онҳое, ки аз хориҷ мехоҳанд бо наздиконашон дар Тоҷикистон тариқи интернет суҳбат кунанд, мушкил эҷод мекунад.

Вакилон аз Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пурсиданд, ки ин ниҳод барои беҳтар кардани хидматрасонӣ дар самти интернет чӣ кор кардааст.

Илҳом Атоев дар посух гуфт, дар се моҳи ахир онҳо як ситоде таъсис дода, суръати интернетро ба 100 гигабайт расонидаанд, ки ин дар қиёс ба гузашта беҳтар аст.

Ӯ афзудааст, ки барои беҳтар шудани суръати интернет ҳамчунин ҳоло дар шаҳри Душанбе 42 дастгоҳи нав насб шудааст.

Суоли ҷавоби вакилон бо Илҳом Атоев дар ҳолест, ки на парлумон ва на Илҳом Атоев ҳеҷ салоҳияте ва таъсире ба вазъи интернетрасонӣ надоранд. “Тоҷиктелеком”, ки интернетрасонӣ дар Тоҷикистонро монополӣ кардааст, ҳарчанд расман давлатӣ аст, амалан ба Бег Сабур, қудои раисҷумҳур тааллуқ дорад. 

То соли 2010 Тоҷикистон дар бахши интернетрасонӣ мақоми аввал дар Осиёи Миёнаро дошт ва коршиносон ҳадс мезаданд кишвар метавонад ба як хаби минтақавии тақсими интернет табдил шавад. Аммо бо ба дасти Бег Сабур гузаштани ин бахш, вазъ сол то сол бадтар ва шикоят аз бад шудани суръати интернет ва хадамоти алоқаи мобилӣ афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти алоқа қаблан баҳонаи аҷибулғарибе дар бораи сабаби паст будани суръати Интернет меоваранд. Барои мисло «истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум» яке аз чунин баҳонаҳост.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular