Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум шуданд

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум шуданд

Дирӯз 11 май дар Доҳа, пойтахти Қатар маросими қуръакашии қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт. Рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Қатар, Лубнон ва Чин шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.

Ҷоми ҳаждаҳуми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular