Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаисҷумҳури Бразилия даъвати Путин барои сафар ба Русияро рад кард

Раисҷумҳури Бразилия даъвати Путин барои сафар ба Русияро рад кард

Лула де Силва, раисҷумҳури Бразилия изҳор дошт, ки дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин даъват барои сафар ба Русияро напазирфтааст. Ў ба маҷмаъи байналмилалии иқтисод дар Санкт-Петербург даъват шуда буд. 

Бистушашумин маҷмаъи байналмилалии иқтисод дар Санкт-Петербург қарор аст аз рӯзи 14 то 17 моҳи июн бо ҳузури бархе аз сарони давлатҳои кишварҳои ҷаҳон баргузор шавад. 

Луис Инасиу Лула дэ Силва, раисҷумҳури Бразилия низ қарор буд дар пайи даъвати расмӣ аз сӯи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ин иҷлос ширкат кунад. 

Раисҷумҳури Бразилия зимни ишора ба тамоси телефонии худ бо Владимир Путин дар Твитер навишт: “ман аз раисҷумҳури Русия ба хотири даъват ба маҷмаъи байналмилалии иқтисод дар Санкт-Петербург ташаккур кардам ва посух додам, ки дар ҳоли ҳозир наметавонам ба Русия сафар кунам.” 

Ин сиёсатмадори чапгаро ҳамчунин бо ишора ба ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроин таъкид кард, ки “Бразил низ монанди Ҳинд, Индонезия ва Чин омодааст бо ҳар ду тарафи даргирии низомӣ ба манзури эҷоди сулҳ, гуфтугӯ кунад.” 

Ба гуфтаи Кремл, тамоси телефонии мазкур аз сӯи Лула сурат гирифта ва Путин дар ин гуфтугӯ “арзёбии асосии худ дар бораи вазъият дар Укроин ва омодагии Русия барои гуфтугӯ дар сатҳи сиёсӣ”-ро ба иттилоъи раисҷумҳури Бразилия расондааст. 

Дар моҳҳои ахир Лула дар канори давлати Чин чандин бор дар заминаи миёнҷигарии байналмилалӣ дар ҷанги Укроин иқдомотеро анҷом додааст. 

Раисҷумҳури Бразилия дар моҳи апрел дар ҷараёни сафар ба Чин, бо ибрози интиқод аз кумакҳои низомии НАТО ва соири кишварҳо ба Укроин, вокунишҳои эътирозии густурдае ро дар кишварҳои аврупоӣ ва низ Иёлоти муттаҳидаи Амрико барангехт. 

Лула сипас ба рағми интиқод аз ҳамлаи Русия ба Укроина хостори хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Укроин нашуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular