Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарқи омори додугирифти Тоҷикистону Чин боз ҳам 3 баробар аст

Фарқи омори додугирифти Тоҷикистону Чин боз ҳам 3 баробар аст

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳам фарқи додаҳои мақомоти омории Тоҷикистону Чин дар додугирифти дутарафа се баробар аст. Ин раванд ҳади ақал 10 сол аст идома дорад ва шарҳҳо ҳам гуногунанд.

Тибқи додаҳои мақомоти омории Тоҷикистон, додугирифт бо Чин дар семоҳаи аввали имсол 330 миллион долларро ташкил додааст. Каме бештар аз 85 миллион доллари он марбути содироти Тоҷикистон ба Чин мебошад. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ба Чин танҳо маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурб мефурӯшад, ки  дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 25 ҳазор тонна гуфта шудааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон, воридоти маҳсулот аз Чинро, ки ҳаҷми асосии маҳсулоти фурӯхташавнада дар бозорҳои кишварро ташкил медиҳанд, шурӯъ аз гӯгирд то мошину техникаҳои дигар, ҳудуди 245 миллион доллар баровард кардааст.

Мақомоти Чин аммо омори фарқкунанда ироа мекунанд, ки тибқи он додугирифт бо Тоҷикистон беш аз 948 миллион доллар ҳисоб шудааст, ки 618 миллион ё се баробар бештар аз додаҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон аст.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби ин фарқро ба омори содирот ба Тоҷикистон ворид кардани молҳои транзитӣ аз Чин тавассути кишвар меноманд. Коршиносон ба ин баҳонаи мақомот бо истеҳзо менигаранд ва мегӯянд ҳеҷ кишваре дар дунё молҳои транзитиро ба омори кишвари транзитӣ сабт намекунад ва дар умум ин кор ғайриимкон аст. 

Тибқи маълумоте, ки “Паём” дар даст дорад, чанд нафар аз хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Таҳминаи Эмомалӣ ба воридоти коло аз Чин машғуланд ва ҳамчунин чанд тоҷири бузургро сарпарастӣ мекунанд. Аксари кулли молҳое, ки тавассути онҳо ба Тоҷикистон ворид мешавад, дар Хадамоти гумрук ба қайд гирифта намешавад. 

Ҳамчунин худи кормандони Хадамоти гумрук бо истифода аз ин бесарусомонӣ, бо гирифтани ришва, колоҳое бо қимати миллионҳо долларро бидуни расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон мегузаронанд. 

Бо вуҷуди интиқоди шадиди расонаҳо, мухолифин ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз ин дуздии бузург на танҳо дастбардор нест, балки ҳаҷми онро торафт бештар мекунад. 

Барои мисол, додугирифти коло миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2022 бо ҳисоби

Пекин 2 миллиарду 600 миллион доллар ва бо ҳисоби Душанбе 1 миллиарду 200 миллион доллар буд, яъне фарқ камтар аз 2,2 баробар, аммо дар семоҳаи аввали мисол фарқ ба 3 баробар наздик шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular