Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКарим Бензема “Реал”-и Мадридро тарк кард

Карим Бензема “Реал”-и Мадридро тарк кард

Карим Бензема, ситораи фаронсавии “Реал”-и Мадрид, пас аз 14 соли дурахшиш аз ҷамъи каҳкашониҳо ҷудо шуд. Бензема 647 бозӣ барои Реал Мадрид анҷом дод, 354 гол ба самар расонд ва 25 ҷом ба даст овард. Ў беҳтарин бозикуни соли УЕФА шуд ва тӯби тиллоро низ фатҳ кард. 

Бензема соли гузашта, ки “Реал”-и Мадрид, қаҳрамони Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо шуд, дурахшонтарин бозикуни тимаш буд ва бо 15 гол, ҷоизаи голи мусобиқотро ба даст овард. 

Ӯ замоне, ки 21 сола буд, аз Леони Фаронса ба ҷамъи каҳкашониҳо пайваст ва ба бозикуни калидӣ дар бошгоҳи мадридӣ бадал шуд. Бензема дар ин 14 сол, панҷ Лигаи қаҳрамонон, панҷ Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон, чаҳор Суперҷоми Аврупо, чаҳор қаҳрамонӣ дар Ла-Лига, се ҷоми ҳазфӣ ва чаҳор Суперҷоми футболи Испанияро болои сар бурд. 

“Реал”- Мадрид дар як баёния, расман ҷудоии Бенземаро эълом кард ва навишт: “Бошгоҳи “Реал”-и Мадрид ва Карим Бензема, капитани мо ба тавофуқ расиданд, ки ба даврони фавқулъода ва фаромӯшнашудании ӯ ба унвони бозикуни ин бошгоҳ хотима диҳанд. “Реал”- Мадрид моил аст маротиби сипосгузорӣ ва алоқаи бисёрашро ба бозикуне, ки яке аз бузургтарин устураҳои мост иброз кунад.” 

Қарордоди Бензема дар поёни бозии шаби гузаштаи “Реал”-и Мадрид бо Атлетик Билбао бо охирин голи Бензема барои “Реал”, ки дар дақиқаи 72-юм вориди дарвозаи “Атлетик” шуд, ба поён расид. Гуфта мешуд, ки қарордоди ин бозикун барои як фасли дигар тамдид мешавад. Аммо Бензема тасмим гирифтааст то аз ҷамъи реалиҳо ҷудо шавад. 

Гуфта мешавад бошгоҳи Ал-Иттиҳоди Арабистон, пешниҳоди қарордоди ҳамкории дусола ба арзиши ҳар сол 200 миллион евро ба Бензема ироа додааст. 

Бошгоҳи “Реал”-и Мадрид қасд дорад рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, маросими расмии худоҳофизии Бенземаро баргузор кунад. 

Бензема чаҳорумин бозикун пас аз Марко Асенсио, Мариано Диаз ва Эдан Азар аст, ки имсол аз Реал Мадрид ҷудо мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular