Амрико судури иҷозатнома барои озодсозии тақрибан се миллиард доллар пули блокшудаи Эрон дар Ироқро таъйид кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт пули озодшудаи Эрон қарор аст “барои аҳдофи башардӯстона ва хариди колоҳои асосӣ” масраф шавад.
Меттю Миллер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе 13 июн дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки Эрон имкони дастрасӣ ба ҳудуди се миллиард доллар дороии масдудшудаи худ дар Ироқро пайдо карда ва ин кишвар метавонад аз пули худ дар ҳисобҳое дар Ироқ фақат барои аҳдофи башардӯстона ва мубодилоти ғайритаҳримӣ истифода кунад.
Миллер дар идомаи сӯҳбатҳои худ таъкид кард, ки инҳо иқдомоте ҳастанд, ки дар солҳои гузашта давлати пешини Амрико низ ба сурати мавридӣ онро анҷом додааст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин афзуд, ки ин иқдомот дар ростои қонуни Амрико ва ҳамкории комил бо давлати Ироқ ҳастанд.
Хабаргузории Рейтерз пеш аз ин ба нақл аз як мақоми аршад дар вазорати хориҷаи Ироқ, ки нахост номаш фош шавад аз озодсозии 2.76 миллиард доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эрон барои содироти барқу гази Ҷумҳурии Исломӣ ба Ироқ хабар дода буд.
Ба гуфтаи ин манбаъ Фоад Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ тайи дидор бо Энтони Блинкен, ҳамтои амрикоии худ дар ҳошияи конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Риёз дар рӯзи панҷшанбе 8 июн ин муҷаввизро аз Амрико дарёфт кардааст.
Сайти як пойгоҳи хабарии ироқӣ ҳам гузориш додааст ин пул аз тариқи бонки тиҷории Ироқ мунтақил мешавад ва аз ин пул фақат барои масрафи зоирони эронӣ ва маводи ғизоии содиротӣ ба Эрон, истифода хоҳад шуд.
Миллиардҳо доллар дороии Эрон ба иллати таҳримҳои иқтисодии ин кишвар дар чанд кишвари ҷаҳон ва аз он ҷумла дар Кореяи ҷанубӣ ва Ироқ масдуд шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

