Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Сухроб Давлатов 20 соли зиндон таҳдид мекунад

Ба Сухроб Давлатов 20 соли зиндон таҳдид мекунад

Додгоҳи шаҳри Екатеринбург Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи муҳорибаи тан ба танро, ки баъди ширкат дар занозании байни тоҷикон ва кушта шудани 2 нафар ба Челябинск фирор карда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ба ӯ аз 8 то 20 сол ё ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.

Як манбаъи “Паём”, ки дирӯз дар додгоҳ ҳузур доштааст, гуфт Давлатов ба ширкаташ дар занозанӣ эътироф карда, аммо гуфтааст ба касе корд назад. “Агар корд мезадам, худам эҳсос мекардам” — гуфтааст Давлатов. Аммо додгоҳ ҳарфҳои ӯро мухолиф бо шавоҳид дониста, қарори ҳабси пешакиашро содир намуд. 

Додгоҳ маҳз Суҳроб Давлатов ва Нурзодаро дар кордзанӣ гунаҳкор меҳисобад. 

Як нафар ҳамдасти ӯ ҳам, ки аз ӯ Нурзода ном бурда мешавад ва ба Қазоқистон фирор карда буд, онҷо дастгир шудааст ва гуфта мешавад рӯзҳои наздик ба Русия истирдод хоҳад шуд. 

Манбаъ бо истинод ба баёноти Давлатов гуфт муноқиша барои пули мошине, ки як тоҷик ба тоҷики дигар фурӯхтааст сар задааст. “Ба назар мерасад Суҳробро барои “разбор” бурда буданд” — гуфт ӯ.

Ҳарду нафари кушташуда, ки расонаҳо аз онҳо Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода ном мебаранд, ба гуфтаи манбаъ аз ноҳияи Мастчо будаанд ва ба зудӣ ҷасадҳояшон ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Гуфта мешавад дар ин занозанӣ 17 нафари дигар даст доштанд, ки ба ҳамаи онҳо хатари истирдод ба Тоҷикистон ва манъи умрбоди вуруд ба Русия таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular