Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти 7 нафар бо гумони терроризм дар Олмон, ки 5 нафараш тоҷик...

Боздошти 7 нафар бо гумони терроризм дар Олмон, ки 5 нафараш тоҷик аст

Додситонии кулли Олмон аз боздошти ҳафт зодаи Осиёи Марказӣ аз тарафи пулиси ин кишвар дар остонаи анҷоми як ҳамлаи террористӣ  хабар дод. 

Дар миёни боздоштшудагон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, як нафарӣ шаҳрвандони Туркманистону Қирғизистон ҳастанд. Ҳама онҳо дар баҳори соли 2022 аз Укроин ворид Олмон шудаанд. 

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон Муҳаммадшуҷо А., Нуриддин Қ., Шамшод Н. ва Раббонӣ З. ном бурда мешавад.

Гуфта мешавад боздоштшудагон бо намояндагон ДОИШ тамос доштанд. 

Додситонӣ гуфтааст “дар поёни июни соли гузашта, гумонбаршудагон як дастаи террористиро бо ҳадафи анҷоми ҳамалоти террористии баландпоя дар Олмон ташкил доданд”. 

Ҳамлагарони эҳтимолӣ ҳадафҳоро аксбардорӣ кардаанд, маконҳои эҳтимолиро барои ҳамла баррасӣ намуда ва саъй кардаанд силоҳ ба даст оваранд. Дар ҳамин ҳол, онҳо дар замони дастгир шуданашон барномаи хосе барои ин ҳамла надоштаанд. 

Гумонбаршудагон дар Иёлати Рейни Шимолӣ – Вестфалия дар ғарби Олмон боздошт шуданд. Дар тӯли рӯз онҳо ба боздоштгоҳ интиқол дода хоҳанд шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular