Раисҷумҳури Амрико мегӯяд то оддисозии равобити Арабистони Саудӣ ва Исроил роҳи дарозе аст, ки бояд бо музокироти зиёде тай шавад.
Давлати Ҷо Байден моҳҳост барои тавофуқ ва оддисозии робита байни Арабистони Саудӣ ва Исроил талош мекунад.
Моҳи пеш Энтони Блинкен вазири умури хориҷаи Амрико гуфта буд Вашингтон аз манзари амнияти миллӣ, манофеъи ҷиддӣ дар одисозии робитаи Риёз бо Тел-Авив мебинад.
Байден дар мусоҳиба бо CNN, ки дирӯз (якшанбе 9 июл) пахш шуд, оддӣ шудани ин робитаро дар ҳоли ҳозир баид ва онро машрут ба як созишномаи дифоъӣ ва пазириши барномаи ҳастаии ғайринизомии Арабистон донист, ки Исроил бо он мувофиқ нест.
Байден гуфт: “мо дар минтақа дар ҳоли пешрафт ҳастем. Ин ки Арабистон Исроилро ба расмият бишиносад ба амалкарди онҳо ва чизе, ки дар қиболаш мехоҳанд, бастагӣ дорад.”
“Рост бигӯям, ки фикр намекунам онҳо бо Исроил мушкили зиёде дошта бошанд вале ин ки ин имконро фароҳам кунем, ки битавонанд қудрати ҳастаии ғайринизомӣ барои тазмини амнияти худ дошта бошанд, инро каме баид медонам.”
Пештар Исроил Катс вазири энергии Исроил гуфта буд, ки кишвараш хоҳони оддисозии робита бо Арабистон аст аммо на ба қимати барномаи ҳастаии ғайринизомӣ дар он кишвар.
Байден дар ин мусоҳиба бо Фарид Закариё ба тасмими Арабистони Саудӣ барои кушодани ҳарими ҳавоияаш ба рӯйи ҳама ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ дар шаби қабл аз сафараш ба ин кишвар дар тобистони гузашта ишора кард.
Дар он замон Созмони ҳавопаймоии Арабистон, дар остонаи парвози Ҷо Байден аз Исроил ба Арабистон, эълом кард, ки аз ин пас, ҳарими ҳавоии ин кишвар ба рӯйи ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ боз хоҳад буд ва бо ин кор ҳавопаймоҳои ғайринизомии исроилӣ иҷоза ёфтанд 74 сол пас аз таъсиси ин кишвар, аз ҳарими ҳавоии Арабистон убур кунанд.
Дар соли 2020, Арабистон ба хутути ҳавоии Аморот ҳам иҷоза дода буд, ки барои парвоз ба Исроил аз ҳарими ҳавоии Арабистон убур кунанд.
Гарчанде Арабистон бо оддӣ шудани равобити Амороти муттаҳида бо Исроил бе сару садо мувофиқат кардааст, аммо худ ҳанӯз чунин иқдоме накарда ва парвози мустақим аз Исроил ба Арабистон барои сафари ҳаҷи имсол ҳам иҷроӣ нашуд.
Ба гузориши Рейтерз, Арабистон ҳам оддӣ шудани равобит дар ояндаи наздикро мӯҳтамал намедонад ва гуфтааст барои ин кор аввал бояд масъалаи Фаластин ҳал шавад.
Дар ҳоле ки дар замони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ва бо имзои тавофуқи мавсум ба “Паймони Иброҳим” ба назар мерасид Риёзу Тел-Авив ҳар чӣ бештар ба ҳам наздик мешаванд, дар чанд моҳи ахир, пас аз тавофуқи ғайричашмдошти Эрону Арабистон бо миёнҷигарии Чин барои оддӣ кардани равобиташон пас аз ҳафт соли қатъи иртибот, ва ҳаракати давлати Исроил ба самти тундравии миллӣ ва мазҳабӣ, акнун ин чашмандоз бисёр дуртар шудааст.
Амалиёти низомии густурдаи Исроил дар ҳафтаи гузашта дар Каронаи Бохтарии ишғолии рӯди Урдун ва ҳамла ба урдугоҳи оворагони фаластинӣ дар Ҷанин хашми ҷаҳони арабро дар пай доштааст.
Арабистони Саудӣ ҳам сешанбеи ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи араб ин ҳамалотро, ки тайи он дасти кам 12 фаластинӣ кушта шуданд, маҳкум кард.
Пеш аз ин ҳамалот ҳам Арабистони Саудӣ борҳо гуфта буд то ҳали масъалаи Фаластин равобиташ бо Исроилро оддӣ нахоҳад кард.
Бинёмин Нетаняҳу нахуствазири Исроил борҳо тамоюл барои оддисозии робита бо Арабистон ва пайвастани Риёз ба ҷамъи кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ки равобити дипломатики комил бо Исроил доранд, иброз кардааст аммо давлати кунунии Исроил ҳам акнун чунин тавофуқеро номуҳтамал мебинад.
Бархе низ қатли Ҷамол Хошқчӣ рӯзноманигори арабистонӣ-амрикоӣ дар консулгарии Арабистон дар Туркия ва мавзеъи давлати Амрикоро дар ин чархиш муассир мебинанд.
Ҷанги Яман ҳам, ки ҷанги ниёбтии Эрон ва Арабистон тавсиф мешуд акнун мутаваққиф шуда ва Байден дар ин мусоҳиба ба нақши давлаташ дар он ишора кард.
Бо ин ҳол нишонаҳои мусбат дар беҳбуди робита ҳанӯз дида мешаванд.
Эили Коэн вазири умури хориҷаи Исроил ибрози умедворӣ карда, ки Исроил ва Арабистон имсол барои оддӣ кардани равобиташон ба тавофуқ бирсанд ва гуфтааст дар як иттифоқи нодир, як тими исроилӣ дар мусобиқоти бозиҳои видеоӣ дар Риёз ширкат хоҳанд кард:
“Ба зудӣ робитаи комил байни мо барқарор хоҳад шуд, яъне ҳамкорӣ дар умури иқтисодӣ, иттилоотӣ, гардишгарӣ, парвозҳо ва ғайра. Ман фикр мекунам дер ё зуд ин иттифоқ меафтад.”
Исроил гуфтааст интизор дорад дар бораи ҳар тавофуқе бо миёнҷигарии Амрико дар бораи амнияти ин кишвар тарафи машварат бошад.
Бисёриҳо мӯътақиданд Исроил, ки созишномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро имзо накарда ва аз энержии ҳастаӣ истифода намекунад, силоҳи ҳастаӣ дорад, дар ҳоле ки Исроил ҳеҷ гоҳ онро напазирфтааст.
Давлати Исроил ҳамвора таъкид карда, ки нигарони амнияташ аст дар ҳоле ки нерӯҳои “мутахосим”-и ин кишварро иҳота кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

