Дафтари омори Иттиҳодияи Аврупо сешанбе, 11 июл эълом кард, ки дар натиҷаи муҳоҷират, ҷамъияти Иттиҳодияи Аврупо барои нахустин бор дар се соли гузашта бештар шудааст.
Ҷамъияти ин Иттиҳодия аз 446.7 миллион ба 448.4 миллион нафар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Евростат мегӯяд: “рушди ҷамъиятро метавон то ҳадди зиёде ношӣ аз ҳуҷуми густурдаи афроди овора аз Укроин, ки вазъияти иқомати муваққат дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дарёфт карданд, нисбат дод.”
Ин дафтар омор ҳамчунон иллати дигари афзоиши ҷамъиятро ҷо ба ҷойиҳои муҳоҷиратӣ пас аз ҳамагирии Ковид-19 низ донистааст.
Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ба далели сатҳи поини таваллуд ва умед ба зиндагии боло, бо пирии ҷамъият мувоҷеҳанд.
Евростат гузориш додааст, ки танҳо ҳафт кишвар дар соли 2022 коҳиши ҷамъияти худро сабт кардаанд, аз ҷумла Италия, ки ҷамъияти он наздик ба 180 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.
Ин фароянд таъсири чашмгире бар сини кор ва сохтори ҷамъиятии иқтисод мегузорад. Ҳомиёни муҳоҷирон мегӯянд, ки муҳоҷират як роҳи ҳали калидӣ барои рафъи ин мушкил аст.
Олмон бо сабти 1.1 миллион, бештарин афзоиши ҷамъиятиро дар соли 2022 доштааст.
Олмон пас аз Лаҳистон (1,5 млн) бештарин шумори укроиниҳоро дар қаламрави худ пазируфтааст, ки шуморашон болиғ аз 1 миллон аст. Ҳамчунин ин кишвар пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон дар августи 2021, то кунун наздик ба 30 ҳазор паноҳҷӯи афғонро пазируфтааст.
Дар авоили моҳи июли соли ҷорӣ вазорати хориҷаи Олмон эълом кард, ки раванди пазириш ва интиқоли афғонҳои дар маърази хатарро аз сар мегирад.
Ин вазорат гуфта, ки қарор аст дар ин барнома, дар ҳар моҳ ҳадди аксар 1000 нафар ба Олмон мунтақил шаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

