Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаниш дар Қарабоғи Кӯҳӣ; Гузаргоҳи Лочин куҷост ва чаро муҳим аст?

Таниш дар Қарабоғи Кӯҳӣ; Гузаргоҳи Лочин куҷост ва чаро муҳим аст?

Танишҳо байн Арманистону Озарбойҷон дар рӯзҳои ахир шиддат ёфта ва Ереван бори дигар Бокуро ба масдуд кардани масири ҳаракат дар гузаргоҳи Лочин воқеъ дар тӯли марзи Арманистон бо Қарабоғи кӯҳистонӣ муттаҳам кардааст. 

Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии рӯзи сешанбе, 15 август Катрин Колонна, вазири хориҷаи Фаронса ва Арарат Мирзоян, ҳамтои армании ӯ, “нигаронии амиқ”-и Фаронса аз масдуд мондани гузаргоҳи Лочин тавассути Озарбойҷон эълом шуд. 

Хонум Колонна аз “садгузории мудовими ин гузаргоҳ” тавассути Озарбойҷон ибрози таассуф кард ва онро “муғойир бо созишномаҳо дар чаҳорчуби тавофуқи оташбас ва зиёновар барои раванди музокирот донист”. 

Гузаргоҳи Лочин ба унвони танҳо роҳи иртиботи заминии байни минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҷумҳурии Арманистон, масири ҳаётӣ барои таъмини ғизо ва барқи сокинони Қарабоғ аст. Ин гузаргоҳ аз замони оташбаси соли 2020 таҳти контроли нерӯҳои рус мебошад. 

Ин қаламрави кӯҳистонӣ, ки умдатан арманитаборҳоро дар худ ҷой додааст, дар сатҳи байналмилалӣ ба унвони бахше аз хоки Озарбойҷон шинохта мешавад. 

Гузаргоҳе ба дохили хоки Озарбойҷон 

Ин долон ба дарозии тақрибан 5 километр воқеъ дар як ҷодаи кӯҳистонии пурпечу хам ҷойгир аст; Ҷодае ба тӯли беш аз 65 километр, ки Арманистонро ба шаҳри Степанакерт, маркази минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ пайваст мекунад. Ин ноҳия се рустои Лочин, Сус ва Забухро дар дил худ дорад. 

Гузаргоҳи Лочин аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба таври расмӣ бахше аз хоки кишвари Озарбойҷон будааст. Бо ин ҳол аз соли 1992 то 2020 амалан бахше аз минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғи кӯҳӣ қаламдод мешудааст. 

Ҳангоме, ки даргирӣ барои контрол бар ин минтақа мавриди муноқиша дар соли 2020 аз сар гирифта шуд, дар ҳақиқат танҳо ин гузаргоҳ буд, ки имкони тахлияи аксарияти ҷамъияти арманитаборро аз ин минтақаи кӯҳистонӣ ба Арманистон медод. 

Аз замони эъломи оташбас, ин коридор тавассути нерӯҳои Русия контрол мешавад то ҷо ба ҷои озоди коло ва мардум байни Арманистону Қарабоғи кӯҳистониро тазмин кунад. Бо ин вуҷуд, ҳудуди 200 арманӣ ҳам дар маҳалли ин навори арзӣ боқӣ мондаанд. 

Дар тавофуқномаи оташбас, эҷоди як роҳи ҷадиди тараддуд барои давр задани Лочин, Сус ва Забух низ пешбинӣ шудааст. Озарбойҷон ба сокинони ин се русто дар моҳи августи соли гузашта дастур дод, ки хонаҳои худро тарк кунанд то идораи он минтақаро ба даст гирад ва ҷодаи наве ба тӯли 32 километр бисозад. 

Арманистон низ ба навбаи худ, ҳанӯз бахше аз ҷодаи худро такмил накардааст. 

Масири ҳаётӣ 

Ин масир танҳо ҷодае аст, ки ин ду сарзаминро ба якдигар муттасил мекунад ва ба мардум иҷозаи ҳаракат ва таъмини газу барқро медиҳад. 

Дар 12 декабр соли 2022 гурӯҳе аз мӯътаризони озарбойҷонӣ, ки худро ба унвони фаъолони муҳити зист муаррифӣ карданд, ин масирро масдуд карданд. Дар тайи муддат, рӯзҳое буд, ки тараддуд бо Арманистон комилан мутаваққиф шуда буд ва ҳеҷ фард ва колое иҷозаи убур надошт. 

Дар 23 апрели гузашта низ Боку ба далоили амниятии вурудӣ ин ҷодаро масдуд кард ва аз он замон ба баъд борҳо ин масир баста шудааст. Озарбойҷон мегӯяд, ки бо ин кор мехоҳад аз интиқоли таҷҳизоти низомӣ тавассути Арманистон ҷилавгирӣ кунад. 

Ин ду кишвар воқеъ дар минтақаи Кафкоз аз авохири даҳаи 1980 бар сари Қарабоғи кӯҳистонӣ бо ҳам даргир шудаанд, ки ин даргириҳо ба ду ҷанг анҷомид. Охирин он дар соли 2020 ба шикасти нерӯҳои арманӣ ва дастовардҳои арзии қобили таваҷҷуҳ барои Озарбойҷон тамом шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular