Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбари “Вагнер”, дар аввалин паёми видеоӣ пас аз шӯриш, дар Африқо дида...

Раҳбари “Вагнер”, дар аввалин паёми видеоӣ пас аз шӯриш, дар Африқо дида шуд

Евгений Пригожин, фармондеҳи артиши хусусии “Вагнер”, дар аввалин суханронии худ пас аз шӯриши нофарҷомаш дар Русия дар клипи видеоие зоҳир шудааст. Видеое, ки дар он ишора мешавад, ки ӯ дар Африқо аст аммо ВВС навишта, ки натавонистааст макони филмбардории ин видеоро таъйид кунад. 

Видеои мунташиршуда дар каналҳои телеграмии муртабит бо гурӯҳи Вагнер, Пригожинро дар либоси низомӣ нишон медиҳад. 

Раҳбари Вагнер дар ин суханронии видеоӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳ Африқоро “озодтар” мекунад. 

Гуфта мешавад, ки артиши хусусии Вагнер ҳазорон ҷангҷӯ дар ин қора дорад ва ҳамчунин дорои тиҷорати судовари ҳангуфте дар ин қора аст. 

Нерӯҳои Пригожин дар баъзе аз кишварҳо аз ҷумла Мали ва ҷумҳурии Африқои марказӣ мустақар ҳастанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва Созмони милали муттаҳид нерӯҳои Пригожинро ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар ин кишварҳо муттаҳам мекунанд. 

Биритониё моҳи гузашта таҳримҳоеро алайҳи ду фармондеҳи амалиёти Вагнер дар ҷумҳури Африқои марказӣ ҷорӣ ва онҳоро ба шиканҷа ва куштори ғайринизомиён муттаҳам кард. 

Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳам нерӯҳои Вагнерро муттаҳам кардааст, ки судҳои ҳангуфте бо анҷоми муомилоти ғайриқонунии тилло дар ин қора ба даст овардаанд. 

Пригожин дар ин видеои тоза мегӯяд, ки “Вагнер дар ҳоли иктишофи маодин ва ҳамчунин мубориза бо шибҳинизомиёни исломгаро ва соири ҷинояткорон аст.” 

Ӯ меафзояд: “мо дар ҳоли фаъолият ҳастем; Дар дамои болои 50 дараҷа. Нерӯҳои Вагнер иқдомоти шиносоӣ ва ҷустуҷӯро анҷом медиҳанд, иқдомоти мо азамати Русияро дар тамоми қораҳо беш аз пеш меафзояд, ва Африқоро ҳам озодтар аз пеш мекунад.” 

“Адолат ва шодӣ барои мардуми Африқо меоварад; Мо зиндагиро барои ДОИШ (давлати исломӣ) ва Ал-Қоъида ва дигар роҳзанон ба дӯзах табдил мекунем.” 

Пригожин дар ин видео ҳамчунин мегӯяд Вагнер дар ҳоли ҷазби нерӯ аст ва ин гурӯҳ “ба анҷоми вазифаҳои аз қабл таъйиншуда идома хоҳад дод. Мо қавлҳои додем ва муваффақ хоҳем шуд, ки онҳоро амалӣ кунем”. 

Пригожин дар июл, моҳи гузашта, дар ҷараёни иҷлоси сарони Африқо ва Русия дар Санкт-петербург, дар ҳоли даст додан бо Фарди Мапуко, сафир ва мушовири раисҷумҳури Африқои марказӣ, дида шуд ва он ду акси ёдгорӣ ҳам гирифтанд, ки дар Фейсбук мунташир шуд. 

Пригожин аз замони раҳбарии шӯриши кӯтоҳмуддати худ дар Русия дар моҳи июн, ки танҳо 24 соат ба тӯл анҷомид, ҳузур ва фаъолияти чандоне дар анзори умумӣ надоштааст. 

Дар ҷараёни шӯриши моҳи июн, ҳудуди панҷ ҳазор нерӯи Вагнер контроли шаҳри Ростов дар ҷануби Русияро ба даст гирифтанд ва бо ҳадафи барканории раҳбарии низомии Русия ба тарафи Москва ҳаракат карданд. 

Бо ин ҳол, Пригожин пас аз музокира бо Кремл, ки бо миёнҷигарии Александр Лукашенко, раҳбари Беларус анҷом шуд, пешравии нерӯҳояшро мутаваққиф кард. 

Бар асоси тавофуқ барои поён додан ба шӯриш, иттиҳомот алайҳи Пригожин канор гузошта шуд ва ба ӯ пешниҳод шуд, ки ба Беларус биравад. 

Даргириҳои дохилии бисёр аланӣ байни Вагнер ва вазорати дифоъи Русия бар сари ҳидояти ҷанги Укроин вуҷуд дошт. Пригожин борҳо ин вазоратхонаро ба адами таъмини муҳиммоти гурӯҳаш муттаҳам карда буд. 

Пригожин гурӯҳи Вагнерро дар соли 2014 таъсис кард. Ба ӯ, ки тоҷири сарватманд бо собиқаи ҷинояткорона аст, ба хотири фароҳам кардан хадамоти пазироӣ дар Кремл унвони “ошпази Путин” додаанд. 

Дар соли 2014, Вагнер аз нерӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия дар шарқи Укроин ҳимоят кард ва гумон меравад, ки ба Русия дар илҳоқи Крим кумак кардааст. 

Пеш аз ҷанги Укроин, Вагнер тақрибан панҷ ҳазор ҷангҷӯ дошт, ки аксаран аз нерӯҳои собиқи ҳангҳои нухбаи Русия ва нерӯҳои вижаи ин кишвар буданд. 

Бо ин ҳол, Пригожин июни гузашта гуфт, ки шумори нерӯҳои Вагнер аз замони шурӯъи ҷанги Укроин ба 25 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. 

“Воъқеияти Вангер дар 7 кишвар”

Ахиран кумитаи равобити хориҷии парлумони Бритониё аз давлати ин кишвар ба сабаби кӯчак шумурдани рушди хатарноки артиши шибҳинизомии Вагнери Русия дар Африқо ба шиддат интиқод кард. 

Гузориши кумита ба таври хос бар ҳафт кишвар мутамаркиз шудааст: Укроин, Сурия, ҷумҳури Африқои марказӣ, Судон, Либия, Мозамбик ва Мали. 

Мали аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар он гурӯҳи Вагнер бо муваффақият ҷойнишини нерӯҳои ғарбӣ ва таҳти раҳбарии Фаронса шудааст. 

Пас аз интишори гузоришҳое аз истиқрори 3 ҳазор то 10 ҳазор ҷангҷуи Вагнер дар пойгоҳҳои низомии Беларус ҳассосият бар фаъолияти ин гурӯҳ афзоиш ёфтааст. 

Алисия Кернс, намояндаи парлумон ва раиси ин кумита, ба ВВС гуфтааст фаъолияти гурӯҳи Вагнер нишон медиҳад, ки мо бояд фаъолияти ширкатҳои низомии хусусиро қонунманд кунем. Хонум Кернс дар айни ҳол тасдиқ кард, ки ширкатҳои амнияти хусусии Амрико, аз ҷумла Blackwater,  ҳам муттаҳаманд, ки дар даврае, ки ба шакли паймонкорӣ дар Ироқ фаъолият доштанд даст ба куштори ғайринизомиён заданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular