Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФармондеҳи қисми низомӣ барои марги сарбоз боздошт шудааст

Фармондеҳи қисми низомӣ барои марги сарбоз боздошт шудааст

Дар робита ба марги Абубакр Ҳусейнзода сарбози қисми ҳарбии “0201”-и Раёсати неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ фармондеҳи ва як сарбози ин қисми ҳарбӣ боздошт шудаанд.

Абубакр Ҳусейнзодаи 22 — сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст.

Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқи марги наваскари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда, дар робита ба ин қазия ду нафар, як фармондеҳ ва сарбоз ба ҳабс гирифта шудаанд.

Бино бар иттилои Додситонӣ, онҳо дар “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳам мешаванд. Ба айбдоршавандаҳо то 17 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular