Дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тибқи иттилоъи хадамоти матбуотии Раҳмон, ӯ Шамшодро рӯзи 28 август ба ҳузур пазируфтааст. Дар мулоқот таъкид шуда, ки Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.
“Ҷонибҳо аз равандҳои ташвишовари замони муосир ёдовар шуда, ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид намуданд”, — омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунид ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

