Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар бозори чӯбу тахтаи Ҳисор сӯхтор сар зад

Дар бозори чӯбу тахтаи Ҳисор сӯхтор сар зад

Субҳи имрӯз, 31 август, дар бозори тахтаи шаҳри Ҳисор сӯхтор сар задааст. Дар  ин бора “Азия-Плюс”  бо истинод ба Хадамоти оташнишонӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.

“Дар масоҳати 400 метр чӯбу тахтаҳо оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол маълум нест, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст ва дар ин робита корҳо идома доранд”, — гуфтаанд аз Хадамоти оташнишонӣ.

Дар навори алҳзаи оташгирии бозор, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки масоҳати зиёди тахта дар коми оташ аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки алангаи оташ чунон баланд  буд, ки оташфишонҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба кӯмак омадаанд.

Аз Хадамоти оташнишонӣ дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештар надоданд ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки оташ кай хомӯш гардид.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular