“Волл стрит журнал” гузориш дода, ки Иёлоти муттаҳида, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо қасд доранд ин ҳафта ба сурати муштарак бо фишор ба Аморот аз ин кишвар бихоҳанд ирсоли колоҳоеро, ки метавонад ба Маскав дар ҷанг бо Укроин кумак кунад, мутаваққиф намояд.
Ин расонаи амрикоӣ дар гузориши худ ба нақл аз мақомҳои аврупоӣ ва амрикоӣ изофа карда, ки ҳадаф аз ин кор боздоштани Амороти муттаҳида арабӣ аз кумак ба Русия дар ҷанг бо Укроин аст.
Як мақоми аморотӣ дар посух ба Рейтерз ва дар вокуниш ба ин гузориш эълом карда, ки ин кишвар комилан аз таҳримҳои Созмони милал тобеъият мекунад ва фарояндҳои равшан ва маҳкамеро барои муқобила бо ниҳодҳои таҳримшуда дорад.
Ин мақоми аморотӣ, ки ном ва самташ фош нашуда, ҳамчунин афзудааст: “мо ба пайваста бар содироти маҳсулоти дуҷонибае, ки дорои корбурдҳои ғайринизомӣ ва ҳамчунин низомӣ ҳастанд назорат мекунем ва ин раванд таҳти чорчуби қонуни контроли содироти Аморот сурат мегирад.”
Дар бахше аз гузориши “Вол стрит журнал” омада, ки мақомҳои Вашингтон ва пойтахтҳои аврупоӣ аз рӯзи душанбе 4 сентябр ба унвони бахше аз як фишори ҷамъии ҷаҳонӣ барои аз дасти Русия дур нигаҳ доштани тарошаҳои компютерӣ, қатаоти электироникӣ ва дигар маҳсулот бо корбурди дугона, ба Аморот сафар карданд.
Амороти муттаҳидаи арабӣ яке аз аъзои эътилофи нафтии “Опек плюс” шомили Русия аст, ки бо вуҷуди фишорҳои Ғарб барои мунзавӣ кардани Русия, ҳамчунон равобити хуби худ бо Маскавро ҳифз кардааст.
Вазорати хориҷаи ин кишвар ба дархостҳо барои изҳори назар дар вокуниш ба гузориши ин расонаи амрикоӣ посухе надодааст.
Аммо мақоми аморотӣ, ки нахост номаш фош шавад ба Рейтерз гуфта, ки ин кишвар ҳамчунон дар гуфтугӯи наздик бо шарикони байналмилалӣ аз ҷумла Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷанги Укроин ва паёмадҳои он бар иқтисоди ҷаҳонӣ аст. Ин мақоми аморотӣ ҳамчунин гуфт: “бонкҳои Аморот таҳти назорати Бонки марказӣ ва дигар мақомоти зирабт барои ҷилавгирӣ аз нақзи қавонини байналмилалӣ бар риояти таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия назорат мекунанд.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

