Saturday, March 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти волидони Фарҳод ва Ҷунайдулло Худоёровҳо

Боздошти волидони Фарҳод ва Ҷунайдулло Худоёровҳо

Падару модар ва хоҳари Фарҳод ва Ҷунайдулло Худоёровҳо субҳи имрӯз аз тарафи мақомот боздошт шудаанд. Дар ин бора ба “Паём” Фарҳод Худоёров хабар дода, гуфт, ки қабл аз боздошти волидонаш гурӯҳи авбошон ба хонаи онҳо сангпарронӣ кардаанд. 

“Ду сол аст, ки ҳар замон як хонаводаи авбош ба хонаи волидонам ҳамла карда, сангпартоӣ мекунанд. Шаби гузашта ҳам ин ҳамла сурат гирифтааст. Шояд падарам сангҳои партофтаи онҳоро ба кӯча мепартофтаст, ки ба кадоме аз ҳамлагарон бархӯрда ӯро маҷрӯҳ сохтааст. Субҳ падару модар ва хоҳарамро боздошт карданд” — гуфт Фарҳод ба “Паём”.

Ба гуфтаи ӯ алайҳи падараш Худоёров Абдуллоҳи 79-сола алакай тибқи моддаи 237, қисми 2 (авбошӣ) парванда боз кардаанд. Оё алайҳи модараш Ғарибова Мавҷигули 67-сола ҳам парванда боз шдууаст ё на Фарҳод Худоёров изҳори бехабарӣ кард.

Ҳамроҳ бо падару модар, ҳамчунин Худоёрова Мадинаи 31-сола, хоҳари Фарҳод низ боздошт шудааст, ки то ҳол тақдираш маълум нест. 

Ба гуфтаи Фарҳод ҳамлагарон аъзои ҳамон хонаводаеанд, ки қаблан бародарзодааш Алиризо Худоёровро моҳи июли 2021 ба қатл расонида буданд. Мақомот яке аз ҳамлагарон ба Алиризо — Зафари Насриддин, сокини бистсолаи ноҳияи Раштро мубталои бемории руҳӣ хонда, ҳодисаро тасодуфӣ номиданд. Аммо хонаводаи Худоёровҳо гуфтанд дар ҳамла ҳади ақал 5 нафар ширкат карда, он пешакӣ тарҳрезишуда будааст ва қотилони асосӣ паси Зафар Насриддин пинҳон шудаанд.

Фарҳод Худоёров ҳамчунин ба “Паём” гуфт ҳамин хонавода ба модараш ҳамла карда миёни ӯро маъюб карда буданд, аммо ҳаргиз ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular