Агентии омори Тоҷикистон аз коҳиши гардиши мол бо ҳамсояи дигари Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 56,5 млн долларро ташкил додааст, ки 17,9 дарсад камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Қаблан аин ниҳод аз коҳиши додугирифт бо Узбекистон хабар дода буд.
Гуфта мешавад моҳҳои январ-июли соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ба 68,6 млн долларро баробар шуда буд.
Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон ба мисли солҳои пешин ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд, ки беш аз 98 дарсадро ташкил медиҳад. Ин болотарин тавозун ба нафъи Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷии кишвар аст. Бо кишварҳои дигар, ба истиснои Суис, ки Тоҷикистон тилло мефурӯшад, тавозуни савдо ба нафъи хориҷиҳост.
Дар қиёс бо соли гузашта имсол интиқоли молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба андозаи 16,5% — аз 66,7 млн доллар то ба 55,7 млн доллар кам шуд.
Бо вуҷуди ин, Афғонистон яке аз бозорҳои асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон боқӣ монда, аз рӯи ин нишондиҳанда танҳо аз Қазоқистону Чин, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон қафо мемонад.
Ҳиссаи Афғонистон дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон аз 4,9% дар ҳамин давраи соли гузашта то 7,3% зиёд шудааст.
Ин чунин маънидод мешавад, ки ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст: аз қариб 1,4 млрд доллар то 767 млн доллар.
Маҳсулоти асосие, ки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, неруи барқ аст. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд баъзе навъҳои масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент ва маҳсулоти хӯрокворӣ интиқол дода мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

