Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҳқиқоти расмӣ барои импичменти Байден оғоз мешавад

Таҳқиқоти расмӣ барои импичменти Байден оғоз мешавад

Кевин Маккарти, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбе дар пайи фишори аъзои ҷумҳурихоҳ эълом кард, ки аз кумитаҳои ин Маҷлис хостааст таҳқиқоти худро барои импичменти Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида оғоз кунанд. 

Ба гуфтаи Маккарти, ин таҳқиқот бар мавзӯъи нафъи эҳтимолии Ҷо Байден аз муомилоти писараш Ҳантар мутамаркиз аст. Бо ин ҳол то кунун ҳеҷ шавоҳиде мабнӣ бар ин амр кашф нашудааст. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: “иттиҳомоти мабнӣ бар суъистифода аз қудрат, монеътарошӣ ва фасод матраҳ шуда, ки ниёзманди таҳқиқоти бештари Маҷлиси намояндагон аст. Ба ҳамин далел дирӯз ба кумитаи Маҷлиси намояндагон дастур додем то таҳқиқоти расмии худро барои истезоҳи Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида оғоз кунанд. Мо бар асоси шавоҳид пеш хоҳем рафт.” 

Ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагон ҳанӯз ҳеҷ шавоҳиде мабнӣ бар нафъи мустақими Ҷо Байден аз касбу кори писараш дар Укроин ё ҳарҷойи дигар ироа накарданд. Онҳо танҳо иддаоҳоеро мабнӣ бар таваққуфи таҳқиқоти вазорати додгустарӣ дар парвандаҳои молии Ҳантар Байден матраҳ кардаанд. 

Ян Самс, сухангӯи Кохи сафед ин иқдоми Маккартиро “бадтарин ҳолати сиёсати ифротӣ” тавсиф кард ва дар твитте навишт: “ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагон таҳқиқотеро ба муддати 9 моҳ дар мавриди раисҷумҳур анҷом доданд ва ба ҳеҷ шавоҳиде мабнӣ бар ҳеҷ иштибоҳе нарасиданд. Ҳамҳизбиҳои худи Маккарти бар ин амр эътироф мекунанд.” 

Самс ҳамчунин хотирнишон кард, ки Кевин Маккарти пештар гуфта буд бидуни раъйи комили Маҷлиси намояндагон, таҳқиқоти импичментро оғоз нахоҳад кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки бархе аз намояндагони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки бо ин тарҳ мухолиф ҳастанд, ҳеҷ қатъияте вуҷуд надорад, ки Маккарти битавонад ҳамаи 218 раъйи лозим барои анҷом онро касб кунад. 

Демократҳои Маҷлиси намояндагон ин иқдомм Маккартиро “беасос” хонданд. 

Ҳаким Ҷеффрис, раҳбари ақаллияти Маҷлиси намояндагон дар твитте ин иқдомро “таассуфовар, бемулоҳиза ва шармандагӣ” хонд ва навишт: “ин як интиқоми сиёсӣ аст, ки ҳеҷ мабнои воқеӣ ё қонунӣ надорад.” 

Кевин Маккарти гуфт, ки ин таҳқиқот ба ҳидояти Ҷеймс Комер, раиси Кумитаи назорат ва посухгӯй ба ҳамроҳи Ҷим Ҷордан раиси Кумитаи қазоӣ ва Ҷейсон Смит раиси Кумитаи имконоти молии Маҷлиси намояндагони Иёлоти муттаҳидаи Амрико анҷом хоҳад шуд. 

Маҷлиси намояндагон то 30 сентябр мӯҳлат дорад то барои иҷтиноб аз таътили давлат, лоиҳаи будҷаро ба тасвиб расонад. Маккарти саъй дорад бо қабули хостаи намояндагони ҷумҳурихоҳ дар бораи оғози таҳқиқоти импичменти раисҷумҳур, ҳимояти онҳоро барои тасвиб лоиҳаи будҷа ҷалб кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular