Sunday, January 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҳбуси тоҷик баъди 22-соли зиндон, дар рӯзи озодиаш, аз маҳбас фирор кард

Маҳбуси тоҷик баъди 22-соли зиндон, дар рӯзи озодиаш, аз маҳбас фирор кард

Як марди тоҷик, ки ними умрашро дар зиндони Русия гузаронда буд, дар рӯзи озодиаш аз онҷо фирор кардааст. Ҳоло ба ӯ 4 соли дигари зиндон таҳдид мекунад. 

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия дар вилояти Иркутск гуфта, ки маҳбуси 49-сола дар рӯзи итмоми адои ҷазо аз муассисаи ислоҳии ИК-19 воқеъ дар шаҳраки Маркова гурехтааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ӯ соли 2001 ӯ барои содир намудани ҷиноятҳое мисли куштори фармоишӣ, роҳзанӣ, дуздии силоҳу муҳимот, мавод ва дастгоҳҳои тарканда ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Саабаби фирори маҳбуси тоҷик, ки аз ӯ Камолҷон Калонов ном бурда мешавад, ин буда, ки намехостааст ба Тоҷикистон баргардад. Қарор буд пас аз раҳо шуданаш ӯро ихроҷ кунанд.

Ин маҳбус фироркарда то ҳол дастгир нашуда ва дар сурати датсгириаш ба ӯ 4 соли дигари таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular