Friday, October 24, 2025
ADS
HomeПаём нетЯк сарҳанги тоҷик дар Қарабоғ кушта шудааст

Як сарҳанги тоҷик дар Қарабоғ кушта шудааст

Миёни кушташудагон дар ҳамлаи нерӯҳои озарбойҷонӣ ба ду мошини неруҳои посдори сулҳи Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ як сарҳанги зодаи Тоҷикистон низ будааст. Аз ӯ  Тағоймурод Қараев ном бурда мешавад, ки дар Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия адои хидмат мекардааст. 

Хабаргузории русии боистинод ба як дӯсти ҳамхидмати сарҳанги кушташуда навиштааст ҷасади ӯ дар Тоҷикистон ба хок супурда мешавад. Аммо қабл аз интиқол ба Тоҷикистон “ҷасадро ба Екатеринбург меоранд, то ҳамхизматон ва сокинони шаҳр тавонанд бо ӯ видоъ кунанд”.

Гуфта мешавад Тағоймурод Қараев дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки шомили Ҳавзаи марказии ҳарбӣ аст адои хидмат карда ва чанд сол қабл ба вилояти Свердловск  кӯч бастааст. Онҷо ӯ ба ҳайси муовини қумондон оид ба кори тарбиявӣ дар тайпи (бригадаи) ҷудогонаи 29-уми ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ хидмат мекард.

Ба гуфтаи дӯст ва ҳамхидматаш Қараев “марди меҳрубон, ростқавл, озода, низомии воқеъӣ буд. Софдилона хидмат карда, ба дӯстон беғараз кумак мекард. Ӯ барои сарбозон мисли падар буд”.

Сарҳанг Тағоймурод Қараев рӯзи 20 сентябр, рӯзеӯи ҳамлаи барқосои артиши Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ кушта шуд. Гурӯҳи ӯ, ки ба ҳайси ҷузъе аз нерӯҳои посдори сулҳи Русия онҷо ҳаракат мекард, зери оташи тӯпхонаи артиши Озарбойҷон қарор гирифт. 

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон баъди ин ҳодиса дар тамос бо Путин аз иштибоҳи сарбозонаш узр хост ва ба хонаводаҳои кушташудаҳо изҳори ҳамдардӣ намуд. Ҳамчунин қарор аст ин кишвар ба хонаводаҳо ҷуброн пардохт кунад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?