Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Линколн, воқеъ дар штати Каролинаи Шимолии ИМА, аз боздошту ҷустуҷӯи чанд нафар дар робита ба ҳамлаҳои киберӣ ба банкоматҳо хабар доданд. Ба гуфтаи пулис, ин гурӯҳ ба бардоштани маблағ аз банкоматҳо пас аз рахнаи электронии онҳо муттаҳам мешавад.
Бар асоси изҳороти пулис, як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст, дар ҳоле ки ҳамватани дигараш ва як шаҳрванди Эрон дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доранд. Мутахассисони бахши киберамният мегӯянд, ки ин навъи ҷиноят “ATM jackpotting” ном дошта, пас аз рахнаи барномаи дохилии банкомат, мошинро маҷбур мекунад, ки маблағро бе амри қонунӣ ба берун барорад.
Пулис номи гумонбаронро чунин эълон кардааст:
- Нурмуҳаммад Раҳмонзода, 26-сола;
- Фирдавс Раҷабов, 35-сола;
- Милод Аваздавонӣ, 36-сола, зодаи Эрон.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин афрод моҳи феврали соли ҷорӣ пас аз ҳамлаи киберӣ аз банкоматҳои як маркази савдо зиёда аз 10 ҳазор доллар ба даст овардаанд. Ҳодиса ба таври ҷиддӣ замоне равшан шуд, ки рӯзи 21 феврали имсол дар штати Мэйн ба чандин банкомати фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳамлаи ҳамсон сурат гирифт.
Нурмуҳаммад Раҳмонзода тақрибан як моҳ пас аз ҳодиса дар Каролинаи Ҷанубӣ дастгир шудааст. Пулис мегӯяд, ӯ бо ҳуҷҷатҳои сохта дар қаламрави ИМА зиндагӣ мекард. Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Раҷабов ва Милод Аваздавонӣ то ҳол фирорӣ ҳисоб мешаванд. Мақомоти амрикоӣ аксҳои онҳоро нашр карда, аз сокинон даъват намудаанд, ки дар сурати дидани онҳо ба хадамоти пулис хабар диҳанд.
Ин се нафар ба дуздӣ, ҳамлаи киберӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ муттаҳам дониста мешаванд. То ба ҳол назари пайвандон ва ё вакилони дифои онҳо расонаӣ нашудааст.
Дар Иёлоти Муттаҳида, тибқи оморҳои гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, хизматрасонӣ ва технологияи иттилоотӣ фаъолият доранд. Бо вуҷуди ин, солҳои охир чандин шаҳрванди Тоҷикистон бо айбҳои гуногун, аз ҷумла қонуншиканӣ, ҷамъиятҳои мамнӯъи ифротгароӣ ва ё мушкилоти оилавӣ дастгир ё аз кишвар ихроҷ шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

