Ширкатҳои бузурги технологӣ — Apple ва Google — огоҳӣ додаанд, ки даҳҳо ҳазор корбарон дар ҷаҳон метавонад ҳадафи ҳамлаҳои ҳадафмандонаи ҷосусии рақамӣ қарор гирифта бошанд. Google тасдиқ кардааст, ки корбарон дар чандин кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, низ ба гурӯҳи осебдидагон дохил мешаванд.
Ин вазъ саволҳои ҷиддӣ ба миён меорад: кӣ метавонад ҳадафи чунин ҳамлаҳо бошад ва чаро ин таҳдид барои корбарони тоҷик хатарнок аст.
Чаро ин барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар бисёр кишварҳои дорои низоми авторитарӣ, мақомоти давлатӣ барои хариди технологияҳои назорати рақамӣ маблағҳои калон сарф мекунанд. Ин гуна барномаҳо одатан барои ин мақсадҳо истифода мешаванд:
назорати журналистон,
пайгирии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ,
фишор ба мухолифон ва мунтақидон,
дастрасӣ ба аксҳо, видеоҳо ва маълумоти шахсӣ,
истифодаи маълумот барои шантаж ва таҳдид.
Дар кишварҳое мисли Миср ва Қазоқистон, ки ба Тоҷикистон аз ҷиҳати модели идоракунӣ наздик ҳастанд, барномаи ҷосусии Predator қаблан барои назорат аз болои фаъолон ва мухолифон истифода шудааст.
Дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои назорати рақамӣ, фишор ба журналистон ва фаъолон, маҳдудияти озодии сухан ва блокшавии васеи интернет борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ сабт шудаанд. Ин омилҳо нигарониро бештар мекунанд.
Чаро ин мавзӯъ ба Тоҷикистон дахл дорад?
Google расман эълон кардааст, ки чандсад ҳисоб дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба ҳамлаҳои ҷосусии рақамӣ дучор шудааст.
Ин метавонад ба чанд маъно бошад:
- Корбарони оддӣ, рӯзноманигорон, фаъолон ё сиёсатмадорон аз Тоҷикистон метавонанд ҳадаф бошанд.
- Эҳтимол дорад, ки сохторҳои алоҳида дар дохили кишвар чунин технологияҳоро санҷида ё истифода карда бошанд.
- Онҳое, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, вале аз рақам, почта ё ҳисоби Тоҷикистон истифода мекунанд, низ метавонанд дар рӯйхат бошанд.
Google номҳои мушаххас ё гурӯҳҳоро номбар намекунад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чунин ҳамлаҳо ҳадафманд буда, одатан бар зидди гурӯҳҳои муайян равона мешаванд.
Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ кӣ бештар ҳадаф қарор мегирад?
Дар таҳқиқоти Citizen Lab ва Amnesty Tech чанд гурӯҳ бештар осебпазир ҳисобида мешаванд:
рӯзноманигорон,
фаъолони ҷамъиятӣ,
оппозитсия ва мунтақидон,
шахсиятҳои сиёсӣ,
онҳое, ки барои сохторҳои амниятӣ ҷолиб ҳастанд.
Барномаи Predator арзиши хеле баланд дорад ва одатан барои ҳамлаи тасодуфӣ истифода намешавад. Ҳар ҳадаф барои ҳамлагарон даҳҳо ҳазор доллар арзиш дорад.
Ин барои корбарони Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
Агар касе чунин огоҳиро аз Apple ё Google гирифта бошад, ин як ишораи хеле ҷиддист. Ин на вирус ast ва на паёми таблиғотӣ, балки аломати эҳтимоли ҳамлаи ҳадафмандона мебошад.
Риск барои гурӯҳҳои зерин зиёдтар аст:
рӯзноманигорон,
фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва НПО,
сиёсатмадорон ва фаъолони муқими хориҷ,
блогерон ва танқидгарони ҳукумат,
онҳое, ки бо масъалаҳои сиёсӣ машғуланд.
Ин вазъ воқеан вуҷуд дорад ва аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон тасдиқ шудааст.
Агар чунин огоҳӣ расад, чӣ бояд кард?
Телефони худро фавран навсозӣ кунед.
Ҳамаи паролҳоро иваз кунед.
Муҳофизати дуқадамӣ (two-factor authentication) фаъол созед.
SIM ва eSIM-ро санҷед.
Ягон истинодро аз манбаъҳои номаълум кушода накунед.
Агар шумо журналист ё фаъол ҳастед, бо созмонҳои дифои рақамӣ маслиҳат кунед.
Чӣ мегӯянд расонаҳои байналмилалӣ дар бораи Predator ва Intellexa?
Predator яке аз хатарноктарин абзорҳои ҷосусии ҷаҳон аст. Пас аз сироят:
ҳар паём дар WhatsApp, Signal ва Telegram хонда мешавад,
камера ва микрофон бе иҷозат фаъол мешавад,
ҷойгиршавӣ пайгирӣ мегардад,
паролҳо ва маълумоти шахсӣ гирифта мешаванд,
назорати пурраи телефон ба дасти ҳамлагар мегузарад.
Intellexa — ширкати соҳиби Predator — аз ҷониби ИМА таҳрим шудааст, зеро маҳсулоти он дар чандин кишвар барои назорати мухолифон ва рӯзноманигорон истифода шудааст.
Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои дигар, ки чунин абзорҳои ҷосусӣ алайҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода мешаванд, эҳтимолияти истифодаи онҳо дар Тоҷикистон низ рад карда намешавад.
Дар шароите ки:
назорати интернет вуҷуд дорад,
фаъолони сиёсӣ зери фишор қарор мегиранд,
озодии баён маҳдуд аст,
таҳдиди дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ — аксҳо, видеоҳо, паёмҳо ва паролҳо — метавонад барои назорат, фишор ё шантаж истифода шавад.
Амният ва ҳифзи маълумоти рақамӣ имрӯз барои ҳар шаҳрванд, хусусан барои рӯзноманигорон, фаъолон ва муҳоҷирони сиёсӣ, аҳамияти бениҳоят калон дорад.
TajNews мавзӯъро пайгирӣ мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


[…] Манбаъ […]