Sunday, August 16, 2026
Место для Реклама!
HomeМуҳоҷиронДар ҳамлаи дронҳо ба Нижнекамск як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд

Дар ҳамлаи дронҳо ба Нижнекамск як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд

Дар пайи ҳамлаи шабонаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду шаҳрванди дигари кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамла шаби 9 ба 10 август рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла 9 шаҳрванди хориҷӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар миёни қурбониён як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон буданд. Ҳудуди 20 нафари дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дронҳои украинӣ ба иншооти саноатӣ ва ғайринизомӣ дар Нижнекамск ҳамла кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла корхонаи коркарди нафти ТАНЕКО будааст.

Пас аз ҳамла дар Ҷумҳурии Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.

Қурбонӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндагони диаспораи тоҷик дар Нижнекамск хабар додааст, ки шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Рамазоналӣ Басиров, сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд будааст.

Тибқи маълумоти ин расона, Басиров ҳамагӣ тақрибан як моҳ пеш барои кор ба Русия рафтааст.

Гуфта мешавад, ӯ дар ширкати туркии «Ямата» дар Нижнекамск кор мекард. Ин ширкат ба сохтмони як корхонаи кимиёвӣ машғул аст. Бар асоси нусхаи патенти кории ӯ, Басиров ҳамчун кранчӣ фаъолият доштааст.

Рамазоналӣ Басиров ҳамроҳ бо дигар муҳоҷирон дар хобгоҳи ширкати «Ямата» зиндагӣ мекард. Аз ӯ ду фарзанди хурдсол боқӣ мондааст.

Тибқи иттилои мавҷуда, ҷасади ӯ рӯзи 13 август аз Қазон ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад. Корфармо ва мақомоти Тотористон гуфтаанд, ки хароҷоти интиқоли ҷасадро пардохт намуда, ба оилаи қурбонӣ ҷубронпулӣ хоҳанд дод.

Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд

Дар ҳамин ҳамла ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳар ду шаҳрванди маҷрӯҳ ҳоло дар беморхонаи Нижнекамск қарор доранд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Номи маҷрӯҳон ва маълумот дар бораи зодгоҳ ё ноҳияи онҳо то ҳол нашр нашудааст.

Мақомоти Тотористон эълон кардаанд, ки ба оилаҳои шаҳрвандони кушташуда 2 миллион рубл ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои маҷрӯҳон вобаста ба дараҷаи вазнинии ҷароҳат аз 300 то 600 ҳазор рубл кӯмакпулӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши хатари ҷонӣ барои муҳоҷирон

Дар моҳҳои охир Украина ҳамлаҳои бесарнишин ба иншооти муҳими воқеъ дар қаламрави Русияро бештар кардааст. Дар миёни ҳадафҳо корхонаҳои коркарди нафт, анборҳои маҳсулоти нафтӣ, корхонаҳои саноатӣ ва логистикӣ ва дигар иншооти бузурги иқтисодӣ қарор доранд.

Дар бисёре аз чунин корхонаҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, кор мекунанд.

Ҳамла ба иншооти саноатӣ ва энергетикии Русия барои муҳоҷироне, ки дар чунин ҷойҳо кор ва зиндагӣ мекунанд, хатари ҷиддӣ ба бор овардааст. Қурбонии Нижнекамск низ нишон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик дар баробари сокинони маҳаллӣ метавонанд ҳангоми чунин ҳамлаҳо ба хатари ҷонӣ рӯбарӯ шаванд.

TajNews вазъро пайгирӣ мекунад ва дар сурати нашри маълумоти нави расмӣ дар бораи шаҳрванди кушташуда ва ду шаҳрванди маҷрӯҳи Тоҷикистон, онро нашр хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular