Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Шаҳсавори Хуросон”. Филми мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

“Шаҳсавори Хуросон”. Филми мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик филми мустанад сабт шудааст. Ин филми мустанадро Суҳроб Зиё, рӯзноманигори тоҷик таҳия карда, он бори нахуст рӯзи 25-уми сентябр дар маҳфили бузургдошти 100-умин солгарди таваллуди Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё ба намоиш гузошта шудааст.

Муаллиф дар саҳифаи “фейсбук”-аш навишт, ки филм бар асоси андешаҳои Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, донишмандони номошно Сафар Абдуллоҳ, Абдунабӣ Сатторзода, Равшан Раҳмонӣ ва академик Абдуҷаббор Раҳмонзода сохта шудааст.

Ҳамчунин, дар мустанад аз суҳбатҳои Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ низ истифода шуда, тасвирҳое нодири бойгонӣ аз ӯ ҷо дода шудааст.

Мустанади “Шаҳсавори Хуросон”-ро мустанадсози ҷавони тоҷики муқими Лондон Аниса Собирӣ ва Оят Шукуров, набераи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ зернависи инглисӣ кардаанд.

“Шаҳсавори Хуросон”. Филми мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии БухороӣТамошои навор: “Шаҳсавори Хуросон”. Филми мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Бояд гуфт, ин аввалин мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ нест. Пештар аз ин, ба истиқболи 100-солагии ин донишманди саршиноси тоҷик аз ҷониби дастандаркорони тарҳи “Китобхон” филми мустанад бо номи «Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон» сабт ва рӯнамоӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ адабётшинос, забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва донишманди саршиноси тоҷику яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллӣ аст, соли таваллудаш расман 30 октябри соли 1926 сабт шудааст. Аммо тибқи навиштаҳои худи устод ӯ на соли 1926, балки моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудааст.

“Ин аз он ҷо маълум мешавад, ки дар соли муш ба дунё омадаам ва ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё дар таваллуди ман рубоъиеро бо моддаи таърих гуфтаанд”, — навиштааст ӯ дар “Зиндагиномаи худнавишт”.

Ӯ 16-уми сентябри соли 2012 дар Душанбе даргузашт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular