Вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумони кишвар пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди таъини Зариф Ализода ба ҳайси раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) тасдиқ кардаанд. Онҳо ҳамчунин, муовини раис ва аъзои нави КМИРТ — ро тасдиқ кардаанд.
Ду рӯз пеш, 26-уми октябр раисҷумҳур номзадии Зариф Ализодаро ба ҷои Бахтиёр Худоёрзода, ки ду давра раиси КМИРТ буд, барои таъин ба ин мансаб ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд. Ӯ тайи 7 соли охир ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмон дар масоили ҳуқуқӣ буд ва ҳоло ба ҷояш Анвар Сафарзода, ки 9 моҳи охир ёрдамчӣ дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа буд, омадааст.
Сомонаи палатаи поёнии парлумон хабар додааст, ки вакилон дар ҷаласаи имрӯза, 28-уми октбяр дар баробари тасдиқи номзадии Ализода, ҳамчунин, пешниҳоди раисҷумҳурро дар мавриди бозхонд кардани Бахтиёр Худоёрзода аз раисии КМИРТ тасдиқ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, вакилон ҳамчунин, бозхонд кардани Абдуҷаббор Қодирзода, аз муовини раиси КМИРТ ва аъзоҳо ин Комиссия — Носирҷон Салимӣ, Махфират Хидирзода, Юсуфбек Шодмонбек, Навруз Самадзода, Муистон Азизиро тасдиқ кардаанд.
Дар баробари ин, вакилони парлумон ба ҷои онҳо, номзадии Ҷамшед Саидзодаро ба муовини раиси КМИРТ ва Дилафруз Назарализода, Адҳам Маъмурзода, Зайнура Раҷабзода, Навруз Самадзода, Махфират Хидирзодаро ҳамчун аъзои Комиссия тасдиқ кардаанд.
Дар ҷаласаи навбатии парлумон Анвар Сафарзода, ёрмадчии нави раисҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳамчунин, намояндаи ваколатдори раисҷумҳур дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад кардааст.

Акс аз сомонаи Маҷлиси намояндагон
Далели тағйирот дар КМИРТ “бинобар ба охир расидани муҳлати ваколатҳояшон” гуфта шудааст.
Интизор меравад, соли оянда – 2027 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Интихботи президентии охир соли 2020 ва интихоботи парлумонӣ дар кишвар соли 2025 гузашта буд.
Зариф Ализода чӣ корнома дорад?
Ӯ солҳо солҳои 1997-2000-ум узви Комиссияи оштии миллӣ ва як муддат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2001) ҳам буд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон ҳамчунин, созишномаи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии “Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”) байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), Созишномаи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии дуюми “Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”) байни Тоҷикистон ва АБР ва лоиҳаҳои тағйиру илова ба қонунҳои низоми мақомоти идоракунии давлат, геодезия ва харитасозӣ, маориф, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хоҷагии ёрирасони шахсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


