Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОғози марҳилаи 4-уми сабтином дар ММТ. Кӣ ширкат карда метавонад ва ба...

Оғози марҳилаи 4-уми сабтином дар ММТ. Кӣ ширкат карда метавонад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Аз 2 то 20-уми ноябр марҳилаи чоруми сабтином дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор мешавад. Дар ин давра танҳо онҳое, ки фосилавӣ ва ё ғоибона таҳсил кардан мехоҳанд, ҳаққи ширкат доранд.

Дар ин бора Маркази милли тестӣ (ММТ) хабар дода, гуфтааст, ки барои сабтиноми довталабон дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, ин нуқтаҳо дар Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт мебошанд. Бо суроғаи нуқтаҳои сабтином дар тақсимоти такрорӣ аз баргаҳои мо шинос шавед:
















Ин ниҳод афзудааст, ки арзиши хидматрасонӣ 370 сомонӣ муқаррар шуда, барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра бояд 30 сомонӣ пардохт кунанд. Рӯйхати ихтисосҳои ин давра ҳоло маълум нест.

Дар тақсимоти такрории даври сеюм беш аз 1000 кас донишҷӯ шудааст

Дар натиҷаи тақсимоти такрории марҳалаи сеюми имтиҳонсупорӣ, ки аз 6 то 9-уми октябр баргузор шуд, 1 ҳазору 4 каси дигар донишҷӯ шудаанд. Натиҷаи озмун рӯзи 11-уми октябр маълум шуд.

Ба қавли манбаъ, дар тақсимоти такрорӣ 936 кас миёни хонандагони синфи 11-ум ва 168 тани дигар миёни донишомӯзони синфи 9-ум комёб шуданд. Онҳо бояд то 15-уми октябр ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пешниҳод мекарданд.

Дар марҳилаи асосии сеюми имтиҳонсупорӣ 16 ҳазору 362 кас донишҷӯ шуда, 2 ҳазору 44 тани дигар ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро пайдо карда буданд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тақсимоти давраи якум (асосӣ) ва дуввуми имтиҳонсупорӣ дар ММТ ва тақсимоти такрориву иловагии он, беш аз 93 ҳазору 500 кас донишҷӯ шуданд, 69% нақшаи қабули донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо то охири моҳи август 135 ҳазору 378 ҷой муқарар шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular