Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДарахти тановари маърифат. Муҳаммадҷон Шакурӣ ва мероси мондагори Бухорои фарҳангпарвар

Дарахти тановари маърифат. Муҳаммадҷон Шакурӣ ва мероси мондагори Бухорои фарҳангпарвар

Мавлуди саъд дар шабҳои наҳс

Асри бист барои тоҷикон асри сарнавишт буд. Бухоро, ки ҳазор соли охир маснаду ҷойгоҳи забони порсӣ буд, бар асари таҳоҷуми низомии болшевикон суқут кард. Шаҳре, ки дар он беш аз сад мадрасаи динӣ фаъъолият карда, даҳҳо ҳазор толибилм машғули дарсомӯзӣ буданд, мавриди ғорати як мушт ҷинояткори аз худову расул ғофил қарор гирифт. Ҳазорон нафар фирор карданду мардуми бешумор кушта шуданд. Бар асари ин ҳамлаи харобиовар давлати Бухоро аз як кишвари ниммустақил ба як давлати вобаставу фалокатзада табдил ёфт ва шаҳри Бухоро аз мақоми шаҳри асосии Варорӯд ба як музофот табдил ёфта, забони порсӣ дар қаламрави он аз ривоҷ боз монд. Шаҳре, ки дар асри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ “манбаи дониш” буд, ба як хароба бадал гашт. Аз нигоҳи маънавӣ зарбае ба Бухоро ворид шуд, ки аз ҳамлаи муғул кам набуд.

Аз як ҷониб бомборон шудани шаҳру фирори оммавии мардум, аз ҷониби дигар ғорату чаповули бухориён барои шаҳре, ки ҳазор соли охир ба унвони пойтахт нақшофаринӣ карда буд, ҳодисаи гӯшношунид буд. Бадтар аз ин, дар нахустин рӯзҳои кудатои болшевикӣ дастур содир шуд, ки бо забони дарбори амир, яъне порсӣ дигар дар мадрасаву донишгоҳ ва умури давлатдорӣ коре анҷом намегирад. Садриддин Айнии бухороӣ, вақте асари гаронсанги “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-ро барои нашр таҳвили чопхона дод, ба ӯ гуфтанд, ки дигар дар Бухоро бо забони порсӣ чизе нашр намешавад. Ҳамин тавр, гурӯҳи наве дар Бухоро ба қудрат расид, ки ҳосили аъмолашон чун амалкарди гузаштагони ин табаҳкорон муғулон буд, ки “омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд”. Танҳо бо як истисно ки болшевикҳо монданӣ ҳам буданд. Мондане ҳамроҳ бо табоҳии кишвару шикори мағзҳо.

Сайфуллоҳи Муллоҷон

Дар Бухорои аввали асри бистум хонадонҳои шарифу нажода кам набуданд, ки силсилаи худро ба дудмонҳои кариму қадим пайванд медоданд, аз ҷумла ба хонадони Сомониён, Оли Бурҳон ва ғайра. Аз ҷумлаи ин таборҳои бореша хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба шумор мерафт. Ба қавли Айнӣ то ин балвои болшевикӣ дар ҳафтае се бор дар манзили ӯ анҷумани шоирон, шеършиносон ва латифагӯён барпо мешуд.

Боре дар авҷи вайронгариву порсиситезӣ дар хонаводаи қозии аз мансаб дуршуда ва гӯшанишини Бухоро, садри маҳфили адабиву худогоҳии ин хитта, тифле ба дунё омад, ки падар ӯро Муҳаммадҷон номид. Мавлуди фарзандро ба фоли нек гирифта, моддаи таърихи таваллудашро “саъдахтар” хонд. Аммо ин навзодро насиб накард, ки дар домани пурмеҳри волидайни фарзонаву арҷманд парвариш ёбад. Ӯ дарди ятимӣ чашид.

Дар ҷараёни ғорату чаповули мардум тавассути маъмурони навдавлати болшевик Шарифҷонро бо “ҷурм”-и пинҳон доштани зару тилло зиндонӣ карданд ва ӯ дар зиндони режим ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҳамон Садри Зиё, ки чеҳраи тобони ӯро устод Айнӣ дар чанд китоби худ тасвир кардааст. Каме дертар модари Муҳаммадҷон низ дори фониро падруд гуфт ва тарбияи Муҳаммадҷон бар дӯши аммааш уфтод. Аммае, ки худ низ паноҳгоҳе надошту парешон буд. Барои хонаводае, ки садсолаҳо дар Бухоро зиста, ҷое барои мондан намонд. Онҳо чун ҳазорон ҳамшаҳриёни худ ҷилои ватан карда, озими Тоҷикистон шуданд.

Ҳиҷрат ба пойтахти нави тоҷикон ва хидмат ба Тоҷикистон

Бо даъвати устод Айнӣ садҳо хонаводаҳои ашрофии Самарқанду Бухорову Фарғона озими Тоҷикистони навтаъсис шуданд. Онҳо дар эъмори  давлат ва фарҳангу тамаддуни навини тоҷик саҳми муносиб гузоштанд. Муҳаммадҷони сездаҳсола таҳсили худро аз омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод (номи пешини Душанбе) оғоз кард. Сипас дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар риштаи забону адабиёти тоҷик идома дод ва соли 1945 ин донишгоҳро хатм кард.

Нахуст дар Донишкадаи тарбияи муаллимони Кӯлоб ба тадрис пардохта, минбаъд устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе шуд. Аммо аз оғоз дар қалби ӯ меҳри таҳқиқу пажӯҳиш фурӯзон буд. Аз ин рӯ, нахуст перомуни рӯзгору осори Аҷзӣ, яке аз чеҳраҳои машҳури ҳаракати ислоҳот дар Бухоро, ба таҳқиқ пардохт. Аммо сензураи Шӯравӣ имкони нашру дифои рисоларо надод. Аз ин рӯ Муҳаммадҷон ба таълифи рисолаи номзадӣ перомуни асари “Ёддоштҳо”-и Айнӣ пардохта, соли 1954 рисолаи номзадӣ дифоъ кард.  

Соли 1971 устод Шакурӣ зинаи дуввуми илми академӣ – рисолаи докториро ба анҷом расонда, дар мавзуи “Масоили услуб дар насри муосири тоҷик” муваффақона дифоъ кард. Дар давоми ним аср мавзуи насри тоҷикро дунбол ва даҳҳо асару садҳо мақолаи баланд дар ин замина таълиф кард. Шогирдони зиёдро дар домани маърифати худ парварид. Бисёре аз ин шогирдҳо имрӯз худ соҳибмактабанд. Оре, ниҳоли коштаи устод Шакурӣ имрӯз ба дарахти тановари маърифат мубаддал шуда ва аз меваҳои он фарзандони ин сарзамин баҳравар мегарданд.

Таълифи фарҳангу луғатномаҳо кори душвор, вале таҳсинбарангез буда, даҳҳо фарҳанги сара дар гузари таърих навишта шудааст. “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар радифи “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Тоҷикон” ба сегонаи китобҳои сарнавиштсози тоҷикон дар асри бистум шомил мешавад. Академик Аҳрор Мухторов дар хотироти худ менависад, ки дар ҷаласаи солонаи академияи илмҳои Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҷоиза гирифтани чанде аз олимонро, ки китобашон дар пояи баланд набуд, интиқод карда, ду ҷилди “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро баланд карда, гуфт, “инро меноманд шоҳкор ва шоистаи даҳ ҷоиза”.

Дар воқеъ, “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар шароити таблиғоти шадиди дастгоҳи идеоложии Шӯравӣ ва мубориза алайҳи забону фарҳанги миллӣ нашр шуда, дар тани хастаи соҳибони забон руҳи тоза дамид. Ин китоб бо ҳиммати бедареғи фарзандони фидокори миллат ва зери таҳрири устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Владимир Капранов ва Раҳим Ҳошиму Носирҷон Маъсумӣ ба зевари табъ ороста гардид. “Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ” аз дигар корҳои муаллифи пуркор Муҳаммадҷон Шакурӣ аст, ки нахустин бор соли 1964 ба табъ расида, сипас таҷдид ва бори дигар чоп шуд. Масири илмии устод Шакурӣ аз таҳқиқи адабиёт оғоз шуда, эшон муаллифи чандин китоби дарсӣ барои толибилмони мактабҳои замони Шӯравӣ будааст. Баъзе аз ин китобҳои дарсӣ беш аз даҳ бор таҷдиди чоп шудаанд. 

55 сол хидмати пайваставу беист ва холисонаву ошиқона дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ин зодаи Бухороро ба азизи тоҷикистониён мубаддал сохт. Фаъъолияти пурсамари устод Муҳаммадҷон Шакурӣ танҳо ба пажӯҳиш хатм намешавад. Мавсуф дар корҳои умумимиллии ниҳодҳои дигаре чун Бунёди забон, марказҳои фарҳангии гуногуни тоҷикон, комиссияи рамзҳои давлатӣ, комиссияи имлои Ҳукумати Тоҷикистон, комиссияи татбиқи забон, шӯрои анҷумани тоҷикону форсизабонон саҳми муносиб гузоштааст. Дар масъалаҳои сарнавиштсози Тоҷикистон устод Шакурӣ ҳамеша мавқеи худро ошкоро баён кардааст, аз мавқеи миллат ва ҳифзи арзишҳои илмӣ, адабӣ ва муҳимтар аз ҳама, пойдории давлати навини тоҷикон изҳори назар кардааст.

Бо фотеҳаи устод Айнӣ

Ҳамон гуна, ки Садри Зиё пири муршиди Айнӣ ва даҳҳо ҷавонони равшанфикри Бухоро буд, Муҳаммадҷон Шакурӣ низ фотеҳаи кори таҳқиқотиро аз устод Айнӣ гирифта, панҷоҳ сол пас аз ин иқрор кард, ки “ман фотеҳаи падаронаи устод Айниро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам”. Номаи пурмеҳри Муҳаммадҷон Шакурии 24- сола ба устод Айнӣ дар соли 1950 бо сипос ҷиҳати зинда кардани номи Садри Зиё дар асари “Ёддоштҳо” оғоз шуда, чанд матлабро низ аз Айнӣ пурсидааст. “Саломи хайрхоҳона”-и устод Айнӣ низ пур аз роҳнамоиву иршод аст нисбати фарзанди пири маънавии худ.

Ташвиқи устод Айнӣ барои як мақолае, ки Муҳаммадҷони соли 1953 таҳти унвони “Як воситаи муҳимми инкишофи маданияти нутқ” дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” роҷеъ ба ҳусну қубҳи барномаҳои радиои Тоҷикистон нашр шуд, дар ҳаёти ӯ нақши муассир бозид. Зеро мақоларо устод Айнӣ писандида дар ҳузури чанде аз адибон гуфтанд, ки “мақолаатонро хондам, бисёр хуб, идома диҳед Муҳаммадҷон”. Устод Айнӣ, ки гавҳаршинос буданд, ҳатто ба Мирзо Турсунзода тавсия доданд, ки “ин Муҳаммадҷон ҷавони мешудагӣ, ин касро тарбия кардан даркор”.

Устод Шакурӣ ғайр аз пажӯҳиш перомуни рӯзгору осори устод Айнӣ дар робита бо адибони барӯманди тоҷик, устодон Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Юсуф Акобиров, Урун Кӯҳзод мақолаҳои бешумор навиштааст.  

Яке аз ҳадафҳои аслии устод Шакурӣ дар тули умр мубориза барои беҳтар кардани тадриси забону адабиёт дар мактабҳои Тоҷикистон будааст. Ин масирро устод дар тамоми давраи фаъъолияти илмӣ ҳамвора дунбол кардааст. Нахустин мақолаи Шакурӣ соли 1957 дар рӯзномаи аввали кишвар – “Тоҷикистони советӣ” таҳти унвони “Таълими адабиёти тоҷикро дар макотиби миёна ва олӣ беҳтар кунем” нашр шуда, баҳсҳои доманадорро сабаб гашт. Ин силсила мақолаҳоро Шакурӣ дар давоми чил соли оянда идома дод.

Бо вазидани насими озодӣ дар қаламрави Шӯравӣ устод Шакурӣ дар бораи вазъи тоҷикони кишварҳои ҳамсоя ва вазъи фарҳангиву забонии онҳо изҳори андеша кардааст. Мурури мо ба чанде аз ин навиштаҳо нишон дод, устод, ки дар фазои маънавии Бухоро ва Душанбе парвариши фикрӣ ёфтааст, аз ҳар гуна таассуби хушку нафратпароканӣ дурӣ ҷуста, дар чандин навиштаи худ пайваста ба ҳамзистии тоҷикону узбекҳо таъкид варзидааст. Ҳамон гуна ки Айнӣ ин равишро дунбол мекард.

Истиқболи истиқлол

Тоҷикони Варорӯд дар қарни бистум талафоти фарҳангӣ бисёр дида, ниёз ба истиқлол доштанд. Зеро ду бор иҷборан ивазшавии хатту дабираи ҳазорсола ва сиёсати истеъмории фарҳангӣ бунёдҳои миллиро заиф карда, миллатро ба коста шудани фарҳангӣ расонд. Дар чунин фазо марде падид омад, ки бо ҳамшаҳрии худ Аҳмади Дониши Бухороӣ монанд буд, дар равшанфикрӣ ва иштироки фаъол дар сарнавишти миллату меҳан.

Имтиёзи вижаи устод Шакуриро зикр кунем, ки фазилати андак нест. Шакурӣ бар хилофи бештари қишри зиёии тоҷик, ки то вопасин нафасҳои наҳси истеъмори болшевикӣ мунтазир буданд, ки муъҷизае пеш меояду раванди фурӯпоширо боздорад, устувор ба истиқболи истиқлоли кишвар рафтааст. Агар ба номгӯи осори Шакурӣ таваҷҷуҳ шавад, мебинем, ки шуруъ аз соли 1985, ки сиёсати бозсозӣ кишвари Шӯравиро фаро гирифт, устод аз пештар бештар ба масъалаҳои муҳимми таъриху фарҳанги миллӣ пардохтааст. Навиштаи устод таҳти унвони “Худшиносии миллӣ ва рушди насри воқеъбинона”, ки соли 1985 бо забони русӣ дар маҷаллаи “Помир” ба нашр расид, як даъвати дигар барои таваҷҷуҳи бештар ба худшиносии миллии тоҷикон буд. 

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1988 бо устодон Лоиқ, Гулрухсор, Кӯҳзод ва чанде дигар аз донишмандони тоҷик дар мақолае пешниҳод кард, ки забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад. Бо чунин дархост дар рӯзномаҳои маъруфи Шӯравӣ низ мақола дарҷ кард, ки таъсири босазое дар фазои ҷомеаи Шӯравӣ гузошт. Ин пешниҳод ҳамовозии рушанфикронро ба бор оварда, саранҷом дар соли 1989 ба қабули Қонуни забон дар порлумони Тоҷикистони Шӯравӣ мунҷар шуд. Дар чандин комиссияи татбиқи қонуни забони давлатӣ фаъолият карда, дар навиштаҳои худ аз ноҳамвориҳои татбиқи ин қонун ва зарурати иҷрои он сухан ба миён овардааст.

Ин ки дар солҳои аввали истиқлол китоби арзишманди “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ”-ро навишт ҳадафе ҷуз роҳнамоӣ ва тақвияти асосҳои идеоложии истиқлол надошт. Устод Шакурӣ бар ин бовар буд, ки танҳо “истиқлоли фарҳангӣ миллатро ба истиқлоли аслӣ мерасонад ва нерӯи ҷисму руҳи ӯро афзуда, барои пояндагии ҳастии ӯ шароит ба вуҷуд меорад”. Дар рӯзҳои барои тоҷикон душвору ҷанги шаҳрвандӣ устод Шакурӣ чун ҳамеша аз мавқеи як рушанфикри миллӣ изҳори андеша кардааст.

Дар шумораи дувуми моҳи январи соли 1993 рӯзномаи “Садои мардум” устод Шакурӣ мақолае таҳти унвони “Парчаму нишонӣ миллӣ муборак” навиштааст. Ӯ мегӯяд, ки атрофи қабули нишону парчами миллӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон гуфтугузори тезу тунд сурат гирифт. Акнун “лозим аст, ки ин ҳиссиёти мухталиф ба ифтихори миллӣ табдил ёбад, зеро парчаму нишони мо сазовори ифтихор аст”. Устод моддигароӣ ва дурӣ аз арзишҳои маънавиро, ки дар низоми Шӯравӣ авлавият касб карда буд, накӯҳиш карда, менависад, ки ҳатто дар нишону парчамҳои он замон арзишҳои моддӣ (мисли пахта, манори нефт, гандум, токи ангур) таҷассум ёфта буд. Натиҷаи ин амал он шуд, ки “мо аз идеалҳои олӣ маҳрум шудем, идеалҳои мо хеле паст рафтанд”. Сипас бо итиминон гуфт, ки “Рӯзи 24 ноябр рӯзи таърихист, ки дар Шӯрои олӣ қабули парчаму нишони миллии тоҷикони Осиёи Миёна поён ёфт”.

Ҳодисаи бисёр нохуш дар сарнавишти қонуни забон дахолати ноҷои чанд забонгумкарда буд, ки муҷиби эътирози шадиди нухбагони миллат шуд. Дар номае ки устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Аҳрор Мухторов, Акбар Турсунзод, Раҷаб Амонов, Ғаффор Ашуров, Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоҳ соли 1994 бо номи “Соҳиби ин забон кист?” нашр карданд, бо нигаронӣ гуфта мешавад, ки нафаре бо номи Шуҳрат Султонов, ки дар ҷаласаи порлумони кишвари соҳибистиқлол бо забони русӣ ҳарф мезад, пешниҳод кардааст, ки номи форсӣ аз қонуни забон ҳазф шавад. Дар ин номаи саропо дард гуфта мешавад, ки истилоҳҳои “забони тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ” маҳсули замони Шӯравиянд ва тақозо мешавад, ки барои дастёфтан ба ҳаққи таърихии тоҷикон номи аслии забон (форсӣ) дар қонуни асосӣ ғунҷонда шавад. Танҳо шахсиятҳои бузургу ташаккулёфта дар он лаҳзаҳои ҳассос метавонистанд чунин мавқеъи устувору миллӣ бигиранд.

Устоди зиндаёд Муъмин Қанот дар рӯзи дафни Муҳаммадҷон Шакурӣ дуруст фармуд, ки “Диди ин устоди фарзона, ки тамоми умр барои забону фарҳанги мо талош кард,  дар замони истиқлол густарда шуд”. 

Ислоҳгарӣ шеваи деринаи ӯ буд …

Фазилати дигари устод Шакурӣ он буд, ки ӯ аз бозандешӣ ҳеч гоҳ парҳез накард. Тафаккури пӯё ва мустақил яке аз вижагиҳои ӯ буд. Яъне, бар ин натиҷа расида буд, ки тавоноиҳо қобили тавсеа ҳастанд ва аз бурузи ҳар гуна чолиш ба унвони фурсате барои бозандешӣ истиқбол мекард. Шикастҳоро ҳамчун таҷрибаи арзишманд барои ислоҳи масири худ мепазируфт. Баръакси бештари донишмандони тоҷик, ки вақте сарнавишти кишвар рақам мехӯрд ва зарурати бознигарӣ ба таъриху фарҳанги замони Шӯравӣ пеш омада буд, мавқеи муҳофизакорӣ пеша карда, камтар дар бораи масоили рӯз изҳори назар мекарданд, Шакурӣ дар масоиле чунин мавқеи устуворӣ миллӣ дошт. Замоне ки насими бозсозӣ ба ҷомеаи баста ворид шуд, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1989 дар мақолае таҳти унвони “Бозсозӣ дар таърихи адабиёти шӯравии тоҷик” зарурати бознигарӣ ва бозандешӣ дар масъалаҳои адабиёти тоҷикро матраҳ мекунад. Ҳарчанд дар он замон мо нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ чанд қадам ақабтар будем, бо ин вуҷуд, нашри ин мақола дар маҷаллаи “Садои Шарқ” марҳилаи нав дар адабиётшиносии тоҷикро рақам зад.

Танҳо дар ҳамин марҳилаи таърихӣ буд, ки имкони зикри ному корномаи баъзе шахсиятҳои машҳуру таъсиргузори солҳои бистуми асри гузашта пеш омад. Устод соли 1989 перомуни падари бузургвораш – Шарифҷони Садри Зиё нахустин мақоларо нашр карду номи онро бо фурӯтанӣ “Шаммае аз рӯзгори Садри Зиё” номид. Маҷаллаи “Фарҳанг” низ дар шумораҳои нахустини худ (соли 1991) мақолаи муҳимму ҷасуронаи дигари устод Шакурӣ роҷеъ ба Садри Зиё ва фарозу нишеби рӯзгори ин шахсияти баруманди Бухорои оғози асрро ба нашр расонд, ки парда аз рӯйи розҳои нуҳуфта бармедошт. Ин навишта оғози таҳқиқоти дигар роҷеъ Садри Зиё ва нашри осори арзишманди вай гардид.

Дар рисолае, ки бо номи “Равшангари бузург” соли 2006 ба таъ расид, устод Шакурӣ аз устод Айнӣ ба унвони “падари миллат” ёдовар шуда, адабпажӯҳии сардафтари адабиёти муосири тоҷикро гоме муҳим дар худшиносии миллии тоҷикон меномад. Ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ истилои Варорӯд аз ҷониби русҳо ва тасаллути болшевикон бар ин минтақа ҳуқуқҳои тоҷиконро поймол кард ва адабиётпажӯҳӣ ҳамчун бахше аз тоҷикшиносӣ матраҳ гардид, ки яке аз поягузорони он Садриддин Айнӣ мебошад. Нашри китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро Шакурӣ як навъ эътирози Айнӣ ба сиёсатҳои нажодпарастонаи солҳои бистум медонад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ ба монанди ҷавонбухориёни ислоҳотхоҳи як қарни пеш ислоҳи низоми омӯзишу парваришро аз барномаҳои муҳим мешумурд ва онро кори таъхирнопазир медонист. Ӯ пайваста дар хусуси консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон изҳори назар карда, такмил ёфтани онро дархост мекард. Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бо нашри китоби “Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ” мушкили асосии омӯзишу парвариши замони пасошӯравии Тоҷикистонро дар камрангии симои маънавӣ ва ранг бохтани ҳувияти миллӣ арзёбӣ кард. Манзур аз инсонгароӣ дар ин навишта руйкарди маънавӣ ва бозёфти ҳувияти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, таваҷҷуҳ ба шеваи суннатии тадрис аз ҷумлаи пешниҳодҳои ин устоди фарзона мебошад. Устод Шакурӣ менависад, ки “дар шуури миллии мардуми тоҷик дар ҳама замонҳо унсури маънавӣ бартарӣ дошт ва минбаъд ҳам бояд бартарӣ дошта бошад”. Муҳимтарин вижагии ҳувияти миллии тоҷикон ба андешаи эшон маънавиятгароӣ будааст. Зимни нишон додани заъфҳои низоми омӯзиш асли одам будан ё одамият дар меҳвари ин гуфтумон қарор дорад. Сайри нузулии низоми омӯзишу парваришро, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ хеле барҷаста буд, нишон дода, ислоҳи ин умурро аз авлавиятҳои сиёсати давлати миллӣ мешуморад. Ислоҳи забони миллӣ дар ин китоб ҷойгоҳи вижа дорад.

Эҳтирому эътироф дар ҷомеаи форсизабон

Талошу заҳматҳои холисонаву содиқонаи устод Шакурӣ дар бештари марҳилаҳои умри устод арҷгузорӣ шуда, ки баландтарини он унвони академикӣ буд, тоза дар давроне ки ин унвон мақому мартабаи воло дошт ва ҳазорон нафар дар орзуи расидан ба он мартаба буданд. Ҷашни шастумин солгарди устод Шакурӣ баҳонаи муносибе буд, ки ҳамкорону шогирдони ӯ маротиби қадрдонии хешро нисбати ӯ изҳор карданд. Мавҷи табрику таҳсин ончунон зиёд буд, ки устод дар як сипоснома хушнудии хешро дар рӯзнома ба нашр расонд. Унвони “Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон”-ро низ ҳалолу ба ҷо соҳибӣ кард, он ҳам дар соле, ки меҳани ӯ ба истиқлоли деринтизор расид.

Соли 1996 аз ҷониби Фарҳангистони забону адаби форсӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ аз миёни тоҷикон нахустин касе шуд, ки ба узвияти ин ниҳоди муътабари илмӣ пазируфта гардид. Соли 2005 устод дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Ҷумҳурии исломии Эрон сабти ном шуд. Ин китоб маҷмуае аз осор ва тарҳҳои муртабит бо бузургдошти мақоми илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии нухбагони муосири Эрон аст. Дар радифи шахсиятҳои таъсиргузори Эрон, аз қабили Сируси Шамисо, Сайид Ҷалолуддини Оштиёнӣ, Алии Равоқӣ, Ҷалолуддини Каззозӣ, Ҳаддоди Одил, Алиакбари Вилоятӣ ва дигарон ин намояндаи илми тоҷик низ қадрдонӣ шуд.

Ба ҳамон андоза, ки устод Шакурӣ ба сарнавишти тоҷикони Хуросон меандешид, бузургону аҳли қалами Хуросон низ қадру манзалат ва ҷойгоҳи арзишманди устод Шакуриро қадр дониста, дар ситоиши ӯ меҳрномаҳои зиёд навиштаанд. Доктор Абдулғафури Орзу аз шахсиятҳои баруманди кишвари Афғонистон дар фазилати устод Шакурӣ фармуд, ки “шахсияти фарҳангӣ ва дониши ин марди нектабор фарохтар аз сарзаминҳо буда, мероси ӯ аз Бухоро то Душанбеву Бадахшон ва аз Кобул то Ҳирот ва аз Теҳрон то Табрез арҷ гузошта мешавад”. 

Шоирони тавонои тоҷик, устодон Лоиқ, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қосим, Фарзона, Раҳмат Назрӣ ва дигарон дар ситоиши устод Муҳаммадҷон Шакурӣ шеър гуфтаанд. Фарзона дар як шеъре рисолати устод Шакуриро чунин тасвир кардааст:

Аз Бухоро корвон овардаӣ,

Безабононро забон овардаӣ.

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён овардаӣ,

Омадӣ, уммеди ҳар бисмил шавӣ.

Корвонат пур зи ганҷи порсӣ,

Вожаҳои ширабанди порсӣ.

Гавҳари шеъри баланди порсӣ,

Роҳпаймои ҳама манзил шавӣ.

Реҳлати устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар поизи соли 2012 аз ҳодисаҳои хеле дардовари замони истиқлоли кишвари мо буд. Тамоми қишри илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ гирди ҳам омада, дар ин мусибати миллӣ сӯгворӣ карданд ва бо як ҷаҳон ишқу муҳаббату ихлос бар рӯйи дӯши худ устодро то манзили охират гусел карданд. Дар фироқи ӯ фарзандони номдори тоҷику афғонистониву эронӣ сӯгномаҳову хотираҳои ҷонсӯз навиштанд. Ҳаққо ки чунин мероси пурбаракат танҳо дар хотираҳо хулоса намешавад, балки дар тарбияи наслҳои шоиставу хидматгузори Тоҷикистони мустақил пайваста истифода мешавад. Дар солҳои охири умр Муҳаммадҷон Шакурӣ ба чанде аз донишмандони тоҷик, ки ба навиштаҳои ӯ хурдагирӣ карда буданд, посухҳои қотеъ навишт. Ӯ аз мероси падари худ дифоъ карда, ҷодаи паймудаи худро низ дар чандин мусоҳибаҳо ташреҳ дод. Мероси устод Шакурӣ бо китобу мақола ва суханрониҳо хатм намешавад. Ӯ се фарзанди баруманд тарбия карда, ба ҷомеаи илмӣ таҳвил дод. Шарифу Анвару Рустам дар Русия ва кишварҳои Аврупо чеҳраҳои намоёну эътирофшудаи илмиянд. Руҳи поки устод Шакурӣ қарини раҳмат, номи некаш мондагор ва роҳи илму хидматаш дар вуҷуди фарзандони фидокори ин ватан пойдор бод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular