Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeТоҷикистонМансабдорон дигар ба кори Оҷонсии омор дахолат намекунанд. Қонуни нави омор боз...

Мансабдорон дигар ба кори Оҷонсии омор дахолат намекунанд. Қонуни нави омор боз чиро тағйир медиҳад?

Рӯзи 21-уми октябр Маҷлиси намояндагон қонуни нав “Дар бораи омори расмӣ”-ро қабул кард, ки тибқи он дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва мансабдорон ба кори Оҷонсии омор манъ мешавад. Ин қонун дар таҳрири нав қабул шуд.

Пештар қонун “Дар бораи омори давлатӣ” ном дошт, дар таҳрири нав номи он аз “давлатӣ” ба “расмӣ” иваз шудааст. Қонуни нав 6 боб ва 29 модда дорад. Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” аз як ҷаласаи палати поёнии парлумон навиштааст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҳукумат пешниҳод кардааст ва он пас аз қабул қонуни соли 2010-ро иваз мекунад.

Дахолат чӣ гуна манъ мешавад?

Яке аз нуқтаҳои асосӣ, мустақилияти касбии мақомоти омор аст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор дар ҳузури вакилон гуфтааст, ки лоиҳаи нави қонун “манъи дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ба фаъолияти касбии мақомоти омор пешбинӣ мекунад”. Ӯ таъкид кардааст, ки ин принсипи кафолати маълумоти беғаразона аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳисобу китоби нишондиҳандаҳо, бояд аз рӯи меъёрҳои илмӣ ва касбӣ қабул шаванд. Дар қонун ҳамчунин, принсипҳои беғаразӣ, холисӣ, эътимоднокӣ, шаффофият, дастрасӣ ва махфияти маълумот зикр шудааст. Ҳифзи маълумоти инфиродии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ, аз нуктаҳои дигари қонун аст.

“Омори давлатӣ” чаро “омори расмӣ” шуд?

Нурмаҳмадзода гуфт, ки ин танҳо иваз кардани истилоҳ нест. Пештар сухан дар бораи мақомоти омор мерафт, ҳоло “омори расмӣ” кори ҳамаи мақомоти ваколатдор аст, ки маълумоти оморӣ таҳия ва паҳн мекунанд.

Ҷамшед Нурмаҳаммадзода. Сомонаи парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал, низоми миллии омори расмӣ муайян шуд ва ба он мақомоти омор, вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор шомиланд.

Оҷонсии омор ҳамоҳангсози ин низом мемонад: он методология, барномаҳои оморӣ ва истифодаи манбаъҳои маълумотро ҳамоҳанг месозад. Ин бояд аз такрори ҷамъоварии маълумот ва хароҷоти иловагӣ пешгирӣ кунад ва нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногунро муқоисашаванда гардонад.

Барои соҳибкорон чӣ тағйир меёбад?

Ба гуфтаи , Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, қонуни нав ба мақомоти омор имкон медиҳад, ки ба маълумоти маъмурии вазорату идораҳо дастрасӣ пайдо кунанд, то ки як маълумотро аз корхона чанд маротиба напурсанд. Ӯ гуфтааст, ки ин раванд пеш аз ҳама ба манфиати соҳибкорон ва корхонаҳост, зеро сарбории маъмурии онҳо кам мешавад.

Дигар навгониҳо барои ҳисоботсупорандагон:

  • минбаъд ҳисоботи оморӣ ба шакли электронӣ пешниҳод мешавад,
  • имзои электронӣ ва мубодилаи электронии маълумот байни мақомот ҷорӣ мегардад;
  • барои ташаккули маълумот дар бораи субъектҳои мушоҳида, аз ҷумла корхонаҳо, феҳристҳои оморӣ (реестр) таъсис дода мешаванд;
  • талабот ба иҷрои уҳдадориҳои ҳисоботсупорандагон мушаххас мешавад ва масъулияти онҳо барои сари вақт ва боэътимод пешниҳод кардани маълумот зиёд мегардад.

Хидматрасониҳои оморӣ ва ҳамкории байналмилалӣ

Ба гуфтаи роҳбари Оҷонсии омор, тибқи қонуни нав Шурои байниидоравии омор тақвият меёбад ва вазорату идораҳо ва коршиносон дар қабули қарорҳои ҳамоҳангшуда бештар иштирок мекунанд.

Вакилон. Сомонаи парлумон.

Нурмаҳмадзода таъкид доштааст, ки қонун метавонад нишондиҳандаҳои Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои дигар кишварҳо муқоисашаванда гардонад ва эътимоди истифодабарандагонро ба омор афзун кунад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфтааст, ки қабули қонун танҳо оғози кор аст: барои татбиқи он ҳамкории мунтазами мақомот, такмили заминаи методологӣ, рушди зерсохтори рақамӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони соҳаи омор лозим аст.

Чаро қонуни кӯҳна иваз мешавад?

Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар парлумон гуфтааст, ки қонуни соли 2010 ба шароити нав ҷавоб намедиҳад. Ӯ чор сабабро номбар кард: иқтисоди рақамӣ рушд кардааст, манбаъҳои нави маълумот пайдо шудаанд, ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш ёфтаанд ва талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ зиёдтар шудааст.

Ҳусния Исҳоқӣ, вакили парлумон илова кардааст, ки зарурати қонуни нав аз тавсияи Комиссияи омори СММ, Хадамоти омори Аврупо (Eurostat) ва Кумитаи омори ИДМ бармеояд. Қонун дар доираи лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” бо ҷалби коршиносони дохилию хориҷӣ ва созмони байналмилалии “StatCentr”-и Қазоқистон таҳия шудааст.

Вакилон бидуни саволу ҷавоб лоиҳаи қонуни нав дар бораи оморро қабул кардаанд. Акнун онро бояд палатаи болоии парлумон ба тасвиб расонида, раисҷумҳур ба он имзо гузорад. Баъди чопи он дар матбуот қонуни нав мавриди амал қарор гирад.

Ёдовар мешавем, ки қонуни дар ҳоли ҳозир амалкунанда “Дар бораи омори давлатӣ” 12-уми январи соли 2010 қабул шуда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular