Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВакили парлумони Эрон: «Кафили асосии сулҳи тоҷикон Эрон буд, Раҳмон инро гӯё...

Вакили парлумони Эрон: «Кафили асосии сулҳи тоҷикон Эрон буд, Раҳмон инро гӯё фаромӯш кардааст»

Муртазо Саффории Натанзӣ,узви кумиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфтааст: «Эрону Тоҷикистон дорои тамаддуни муштараки порсӣ ҳастанд аммо мутаассифона муносибати ин ду кишвар ба далели рафтори хунукназаронаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таҳти таъсири хостаҳои Саудӣ дучори ҳамдигарнофаҳмӣ шудааст.»

Ин гуфтаҳои Натанзӣ дар сӯҳбат бо  хабаргузории «Хонаи Миллат», расонаи марбут ба дафтари матбуотии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон садо додааст.

Ин намояндаи мардумии Эрон гуфтааст: «Нуқтаи муҳим инҷо аст, ки Эрон ва Тоҷикистон дорои манофеъи муштараке ҳастанд, ки бино ба далели вазъияти пеш омада дар Душанбе ин манфиатҳо мавриди таҳдид қарор гирифтааст.»

Натанзӣ дар идома афзудааст: «Дар муносибатҳои дипломатӣ байни Эрон ва Тоҷикистон камкориҳое сурат гирифта ва дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон бояд фаъолтар зоҳир мешуд.”

 

Муртазо Саффорӣ таъкид намудааст: «Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҳайъати сулҳе буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба сулҳ ва субот овард аммо имрӯз мушоҳида мекунем, ки оқои Раҳмон ин мавзӯъро фаромӯш кардааст.”

Ин намояндаи парлумони Эрон ёдовар шудааст, ки «Садд ва нерӯгоҳи барқию обии Сангтӯда ва туннели 5 километрии шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ба дасти эрониён сохта шудааст.»

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?