Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРоҳбари ҲНИТ соҳиби ҷоиза барои пешгирӣ аз ифротгароӣ шуд

Роҳбари ҲНИТ соҳиби ҷоиза барои пешгирӣ аз ифротгароӣ шуд

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар як конфронси байналмиллалӣ дар Малайзия ширкат ва суханронӣ намуд. Масъулини ин конфронс ба Муҳиддин Кабирӣ ҷоизаи вижа «барои нашри дидгоҳҳои муътадили исломӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ» тӯҳфа карданд.

Сафари Раиси ҲНИТ ба Малайзия ба хотири ширкат дар конфронси байналмилалии уламои исломӣ таҳти шиори »Ваҳдати Уммат » ба анҷом расид. Ин ҳамоиш бо ибтикори бахши осиёии Иттиҳоди Байналмилалии Уламои Исломӣ ва ҳукумати вилояти Келантани Малайзия рӯзҳои 21-24 июл баргузор гашт. Раиси ҲНИТ бо даъвати Раиси ҳукумати штати Келантан ва ноиби Раиси Иттиҳоди Байналмилалии Уламои Исломӣ шайх Абдулҳодӣ Аванг дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар ин конфронс роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазирон ва масъулини сиёсиву ҷамъиятӣ аз кишварҳои гуногуни олам ширкат намуданд ва масоили доғи олами ислом мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. Раиси ҲНИТ дар бораи вазъи имрӯзаи ҷаҳони ислом ва Тоҷикистон суханронӣ намуда, дидгоҳ ва таҳлилҳои худро ба ширкаткунандагон муаррифӣ намуд.
Дар чорчӯби конфронс, Раиси ҲНИТ суханронии хосе дар ҳузури уламо ва донишмандони исломии Малайзия бо ибтикори Иттиҳоди Уламои Малайзия дошт. Дар ин суханронӣ роҳбари ҲНИТ андешаҳои худро дар бораи сабабҳои аслии гирифтор шудани ҷомеаҳои мусалмонӣ ба бӯҳронҳо ва роҳҳои бурунрафт аз он ироа кард. Пас аз суханронӣ ба Раиси ҲНИТ ҷоизаи ин Иттиҳод барои нашри дидгоҳҳои муътадили исломӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ супорида шуд.
Инчунин, дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқотҳои алоҳидаи роҳбари ҲНИТ бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои гуногун, масъулини давлатҳо ва андешмандони маъруф сурат гирифт.
Матни суханронии Раиси ҲНИТ дар конфронси байналмилалии »Ваҳдати Уммат» ба зудӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular