Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк дархости инсонӣ аз кормандони нерӯҳои интизомӣ ва амниятии кишвар

Як дархости инсонӣ аз кормандони нерӯҳои интизомӣ ва амниятии кишвар

Агар заррае виҷдон ва замири одамӣ дар шумо ҳаст, бигузоред ин ду бандаи Худо (ҳамсари Руҳуллоҳ ва Муҳаммад) ба назди шавҳарони худ бираванд. Ин кор дуруст нест, ки ин ду бандаи Худоро ба унвони аҳруми фишор бар Кабирӣ, гаравгон нигоҳ доред.
Ба Худо, ин кор кори ғайриинсонӣ аст. Ин рӯзҳо мегузарад, бовар кунед мегузарад ва ба гуфтаи яке аз дӯстон, «мухолиф рӯзе мувофиқ мегардад», ва дар ин васат шумо мемонеду рафторҳоятон.
Ва чун якчунин ҳолатро аз сар гузарондаам, медонам чӣ қадр сахт аст, ҳам барои шавҳарони ин ду бандаи Худо ва ҳам барои худашон…
Сониян, оё дар дохили кишвар ва ё ҳатто берун аз он, дигар ягон одами бовиҷдон намондааст, ки фарёд занад, ки дигар даст бардоред аз ин гуна рафторҳо! Ин кор, нақзи ошкори ҳуқуқи аввалияи инсонӣ аст. Дар ҳамин фазои Фейсбук садҳо ба истилоҳ фарҳехтаҳои тоҷик ҳузур доранд ва ҳамарӯза пушти сари ҳам аз «нақзи ҳуқуқ ва озодиҳо» сухан мекунанд, вале замоне ки ҳаққи мусаллами як ҳаммиҳанашон поймол ва нақз мешавад, мебинем забонашон ба комашон часпида!
Бар фарз агар Кабирӣ ва ду писараш терурист бошанд — ки нестанд — пас ҳамсарон ва хоҳарон ва бародараш чӣ гуноҳе доранд, ки ин ҳама бало ба сарашон фуруд ояд?!
Барои чӣ?!
Оё то ин ҳадд аз инсоният ба дур шудаед, ки коре кунед, ки ин бандаи Худо маҷбур шавад ва бигӯяд, худро ба оташ хоҳад зад?!
Оё медонед, замоне ки ҷаҳон ба дунболи Бен Лодан буд, вале касе коре ба хонавода ва ҳамсарон ва фарзандонаш надошт.
Бигузоред, ин ду бону ба назди ҳамсаронашон баргарданд.

* * *

«Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, рӯзи 16 июл як гурӯҳи «ташкилшуда”-и иборат аз намояндагони ҷамоат ва мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат ба назди манзили падари Мижгона Зайниддинова, ҳамсари Рӯҳуллоҳ Тиллозода, писари калонии Муҳиддин Кабирӣ дар деҳаи Заргар ҷамъ шуда, ба зидди ҲНИТ ва хешовандони Кабирӣ шиор задаанд.
Бино ба ин манобеъ, Мижгона Зайниддиноваро маҷбур кардаанд, ки ҳамроҳи ҳарсе кӯдаки хурдсолаш, ки калониаш ҳамагӣ 7 сол дорад, аз хона баромада, «фикри халқоро гӯш кунанд.” Ҷамъшудагон ҲНИТ, Кабирӣ ва хешовандони ӯро бо ибораҳои «хоинон”, «душманони халқ” ва амсоли ин бо шӯру фарёд танқид кардаанд ва келини Кабирӣ, ки ду сол боз таҳти фишор қарор дорад, гуфтааст, ки аз чунин зиндагӣ безор шудааст ва худро оташ хоҳад зад…»

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?