Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмрӯз конфронси САҲА дар Варшава оғоз мешавад

Имрӯз конфронси САҲА дар Варшава оғоз мешавад

Конфронси навбатии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бахшида ба ҳуқуқи инсон имрӯз дар Варшава, пойтахти Лаҳистон оғоз мешавад.

Чун қисматҳое аз ин конфронс ба Тоҷикистон бахшида шудааст, “Паём” тасмим гирифтааст пахши мустақими хабарҳоро аз конфронс ба роҳ монад.

Аввалин нишасти марбут ба Тоҷикистон имрӯз, 11 сентябр соати 15.00 оғоз мегардад. Мавзӯъи нишаст “Тоҷикистон дар дурбин: Ҳуҷум ба озодии баён, қасосгирӣ аз хешовандон ва ташаннуҷ” аст.

Як мавзӯъи дигари он “Азҳампошии сиёсӣ” номида шудааст.

Дар ҳошияи ин конфронси САҲА Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ният дорад ҳамоиши аъзову ҷонибдорон ва ҷаласаи Раёсати олияшро баргузор намояд.

Конфронси як соли қабл боиси шиддати фишори мақомоти Тоҷикистон бар хешовандони мухолифине гардида буд, ки дар он ширкат карданд. Имсол ҳам ҳанӯз як моҳ қабл аз оғози конфронс таҳдиду фишорҳо ба наздикони мухолифини дар Аврупо қарордошта оғоз шудааст.

Соли гузашта ҳайати ҳукумати Тоҷикитсон конфронсро ба нишони эътироз тарк карда буд ва ҳанӯз маълум нест имсол аз ҷониби ҳукумат ҳайате ширкат зоҳад кард ё хайр.

Хабаргузории давлатии «Ховар» чанд рӯз пеш «ҳушддор» дода буд, ки дар сурати ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ин конфронс, Тоҷикистон намояндагии САҲА дар кишварро хоҳад баст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?