Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуризм дар Туркия дубора рушд мекунад

Туризм дар Туркия дубора рушд мекунад

Даромади туризм дар Туркия дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 мелодӣ  20% афзоиш ёфта, ба 26 миллиард  доллар расидааст.

Ин рушд дар соҳаи туризми Туркия пас аз он оғоз шуд, ки таниш миёни кишварҳои Русия ва Туркия коҳиш ёфт ва теъдоди гардишгарони Русия дар Туркия 5 баробар афзоиш пайдо кард.

   Вазорати гардишгарии Туркия  рӯзи  чаҳоршанбе 31 январ дар гузориши  худ навиштааст, ки дар  соли гузаштаи мелодӣ баъд аз Русия, бештарин теъдоди турист аз кишварҳои Олмон ва Эрон ба Туркия рафтаанд.

 Туризм яке аз муҳимтарин манобеъи  даромади Туркия аст. Дар соли 2016 таниши дипломатӣ миёни Маскав ва Анқара  баъд аз сарнагунии ҳавопаймои русӣ бар фарози Сурия дар сол 2015, зарбаи сахте ба санъати гардишгарии Туркия ва  иқтисоди ин кишвар ворид кард.

 Дар он сол коҳиши  шадиди вуруди гаршгарони рус боис шуд даромади туризми Туркия нисбат ба сол 2015 ҳашт миллиард доллар камтар шавад.

Ҷанги Сурия ҳам бар соҳаи туризми Туркия таъсири худро гузошт. Зеро Туркия ба хотири пешгирӣ аз вуруди ҷангҷуён ба ин кишвар муқаррароти шадидтареро дар фурудгоҳҳо ва марзҳояш ҷорӣ кард. Аз тарафи дигар чанд амали террористӣ дар минтақаҳои ҳассос ба хусус фурудгоҳи Отатурк ҳам боиси кам шудани гардишгарон дар Туркия шуда буд.

Ин гузориш  нишон медиҳад, ки  як қисми зиёди даромади гардишгарии Туркия аз хариди туристҳо будааст.  

Ба гузориши ВВС Рақамҳои нави муассисаи  омори Туркия нишон медиҳад, ки як сол баъд аз ин суқути шадид, туризм  дар Туркия дубора ҷон гирифта ва даромади он беш аз чаҳор миллиард доллар афзоиш доштааст.

Дар  сол 2017 танҳо теъдоди гардишгарони рус панҷ баробар афзоиш ёфта  ба 4.72 миллион нафар расидааст.

Бар асоси омори тоза теъдоди кулли гардишгарони  хориҷӣ аз ҳудуди 28 миллион нафар дар соли 2016 ба беш аз 32 миллион нафар дар соли гузашта расидааст.

Тибқи ин  омор  гардишгарон беш аз се миллиард доллар харҷи хариди кафшу либос кардаанд ва ҳудуди 1.2 миллиард доллар ҳам ҳадя ва ёдгорӣ харидаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз Нуъмон Қӯртулмуш, вазири гардишгарӣ дар бораи чашмондози соли 2018 гардишгарии Туркия мегӯяд теъдоди резерви ожонсҳои мусофиратӣ барои вуруди гаршгарони хориҷӣ имсол 70 дарсад бештар шуда ва интизор меравад соли 2018 рекурди теъдоди гардишгари хориҷиро бишканад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular